Дар вилоятҳои Самарқанд ва Хатлон иншооти иҷтимоӣ кушода шуданд

    Ҳукумат 10 Iyun 2021 4779

    Дар охири музокирот дар ҳайати васеъ маросими расмии ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон сохта шудаанд, баргузор гардид. Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо пахш кардани тугмаи рамзӣ онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    Маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст. Ин беморхонаи замонавии бисёрсоҳавӣ, ки дорои 250 кат мебошад, метавонад солона ба 7,5 ҳазор бемор хидмат расонад. Маҷмааи мазкур дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урология, оториноларингология, бемориҳои чашм, табобати интенсивӣ ва реаниматсия, педиатрия, травматология, гинекология, патологияи ҳомиладорӣ, барқароркунии баъди таваллуд ва терапия мебошад.

    Поликлиникаи дохили маҷмаа барои хидматрасонии 300 бемор дар як баст ва беш аз 219 ҳазор нафар дар як сол пешбинӣ шудааст.

    Аз ҷониби Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд мактаби ҳамагонӣ сохта шуд. Он барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст.

    Бинои сеошёна дорои 26 синфхона, толори варзиш, толори маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона, синфҳои меҳнатӣ ва тахассусӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти компютерӣ ва асбобҳои лабораторӣ муҷаҳҳаз аст.

    Зимни суханронӣ дар ин маросим намояндагони ду кишвар ба роҳбарони давлатҳо барои таваҷҷӯҳи махсусашон ба таҳкими дӯстӣ ва дастгирии тарафайн, фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони кишварҳои бародар изҳори сипос карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates