Тӯли шаш соли охир бобати созмон додани корхонаҳои нави саноатии вилоят тақрибан 5 миллиард доллар сармояҳо ҷалб карда шуданд. Дар натиҷа тақрибан 2 ҳазор корхонаҳои нав ташкил гардиданд, ҳаҷми истеҳсолот бошад, анқариб ду баробар афзуд.
Агар пештар маҳсулоти асосии саноатии вилоят истеҳсоли нахи пахта бошад, минбаъд маҳсулоти баландтехнологӣ, аз ҷумла электротехника, нахи оптикӣ, автомобилҳо, воситаҳои мураккаби кимёӣ, маводи захираи энергетикӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар сектори саноат 54 ҳазор нафар кор мекунанд. Содироти молҳои саноатии вилоят 1,8 баробар афзуд ва ба 166 миллиард доллар расид.
Роҳбари давлат зарурияти коҳиш надодани ин суръат ва имконияти 14 фоиз зиёд кардани саноатро тақозо намуд. Таъкид шуд, ки барои ин мақсад 10 лоиҳаи бузург ба маблағи 750 миллион доллар ва лоиҳаҳои минтақавии саноат ба маблағи 580 миллион доллар татбиқ карда хоҳанд шуд. Онҳо 7,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоваранд. Ҳамчунин тӯли ду соли наздиктарин дар Ҷиззах лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои автомобилсозӣ, металлургия созмон дода мешаванд.
Сохтмон ва истеҳсоли маводи самарабахши энергетикӣ дар Ҷиззах соҳаҳои муттасил ривоҷёбанда ба шумор мераванд. Тӯли панҷ соли охир дар соҳаи мазкур 180 корхонаи нав сохта шуданд, 210 лоиҳа ба маблағи 900 миллион доллар татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб ҳаҷми истеҳсоли маводи сохтмон 10 баробар афзуд, воридот ба маблағи 110 миллион доллар аз худ гардид, содирот бошад, 7 баробар афзуда, ба 35 миллион доллар расид.
Захираҳои базалт дар вилоят 26 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ин 25 фоизи захираи умумии тамоми вилоят мебошад. Ҳоли ҳозир истеҳсоли 7 намуди маҳсулоти замонавии харидоргир аз базалт азхуд карда шуд. 6 корхонаи ноҳияи Фориш бо ин кор машғул мебошад.
Ҳамзамон дар ноҳияҳои Бахмал, Ғаллаарал, Шароф Рашидов, Зомин, Зарбдор, Зафаробод, Фориш ва Янгиобод тақрибан 200 кони дорои захираҳои бузурги базалт, симон, керамзит, шиша ва дигар маҳсулоти минералӣ ҷойгузин мебошанд. Президент зарурияти ба онҳо ҷалб намудани соҳибкорон ва оғоз намудани истеҳсоли маҳсулоти харидоргирро таъкид кард.
Вазифа гузошта шуд, ки соли равон 31 лоиҳа бинобар истеҳсоли маводи сохтмон дар ҳаҷми 460 миллион доллар ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни машварат ба масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти энергетикӣ эътибори махсус дода шуд. Қайд гардид, ки дар вилояти Ҷиззах иқтидори манбаъҳои нави энергия на камтар аз 2 ҳазор мегаваттро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб иқтидорҳои энергетикаи офтобӣ дар ҳаҷми 207 мегаватт ба кор андохта хоҳад шуд. Баъди ба роҳ мондани онҳо истеҳсоли 236 миллион киловатт-соат энергияи электр оғоз меёбад, ки талаботи иловагиро сарпуш мекунад ва 71 миллион метри мукааб газро сарфа менамояд.
Аз ҷумла, дар Ғаллаарал неругоҳи бузурги энергияи офтобии иқтидораш 220 МВт аз ҳисоби сармояҳои бевосита дар ҳаҷми 200 миллион доллари ширкати «Масдар»-и Аморат ба истифода дода хоҳад шуд. Соли оянда неругоҳи мазкур бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд ва 500 миллион киловатт-соат энергияи электрӣ истеҳсол мекунад, ки он 20 фоизи талаботи минтақаро таъмин хоҳад кард.
Ҳамчунин имконияти устувор кардани панелҳои офтобии иқтидорашон 5 МВт дар биноҳои соҳаи иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин неругоҳи 15 мегаваттӣ дар иншооти минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкорон қайд гардид. Шароитҳои ҷолиб барои дар хоҷагиҳои хонагӣ устувор кардани манбаъҳои нави энергетикӣ бо иқтидори 8 МВт бунёд карда хоҳанд шуд. Ташаббусҳои соҳибкорон бобати сохтмони неругоҳҳои офтобии иқтидорашон 5, 10, 15 МВт барои эҳтиёҷоти худӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Соли равон дар Зафаробод 2 неругоҳи хурди гидроэлектрии иқтидорашон 2 мегаватт сохта хоҳанд шуд, ки соли ҷорӣ 2,4 миллион киловатт-соат энергияи электрӣ истеҳсол карда метавонанд. Якҷо бо Бонки рушди осиёӣ дар Фориш сохтмони неругоҳи бузурги электрии офтобии иқтидораш 150 МВт оғоз меёбад. Ин неругоҳҳо баъди бо иқтидори пурра ба кор даромадан 370 миллион киловатт-соат энергияи электр истеҳсол мекунанд.
Дар Ҷиззах маркази когенератсионӣ сохта мешавад, ки ҳам гармӣ ва ҳам энергияи электрӣ истеҳсол карда метавонад.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар шабакаҳои электрии Ҷиззах талафот зиёд аст, вай барои коҳиш додани онҳо ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии беш аз 4 ҳазор корхонаи минтақа супориш дод.
Президент бо намояндагони ҷомеаҳо, оқсақолон ва ҷавонони вилоят суҳбат кард. Онҳо дар бораи дигаргуниҳое, ки дар мамлакат ба вуқӯъ меоянд ва натиҷаи шароитҳои фароҳам овардашуда дар мисоли муваффақиятҳои ҳаётӣ ва меҳнатии худ ҳарф заданд. Роҳбари давлат таклиф ва ташаббусҳои онҳоро шунид, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.
Дар анҷоми машварат маросими ба кор даровардани се корхонаи нав - «Eco Basalt Group» дар ноҳияи Фориш, «Mono Electric» ва «Super medical elements» дар минтақаи саноатии «Ҷиззах» баргузор шуд.
Корхонаи нахустин имкон дорад аз базалт соле 5 ҳазор тонна лӯлаҳои композитӣ истеҳсол кунад. «Mono Electric» маҳсулоти электриро дар 1,5 ҳазор номгӯй, «Super medical elements» бошад, 40 навъи маҳсулоти таъиноти тиббиро истеҳсол мекунанд. Ба шарофати корхонаҳои мазкур зиёда аз 700 сокинон соҳиби ҷойи кори сердаромад мешаванд.
Дар маросим бо намояндагони корхонаҳо аз тариқи алоқаи видеоӣ суҳбат баргузор шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш карда, ба фаъолияти корхонаҳои нав оғоз бахшид.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Ҷиззах анҷом ёфт.