"Вазорати ҳаҷҷ ва умра эълом мекунад, ки имсол, тибқи тақвими мусалмонон, соли 1442, ҳаҷҷ бо сабаби пандемияи коронавирус аз ҳисоби шаҳрвандон ва резидентҳои шоҳигарӣ ба миқдори на зиёд аз 60 ҳазор зойир маҳдуд карда мешавад", омадааст дар изҳорот.
Қаблан, 18 май вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ эълон карда буд, ки аз 1 августи соли равон сокинони кишвар бидуни шаҳодатномаи эмкунӣ аз Covid-19 наметавонанд ба муассисаҳои давлатӣ, чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҳозир шаванд, менависад "Известия".
Ҳаҷҷ зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом дар Макка ва Мадина аст. Он аз рӯзи 8-ум то 12-уми моҳи дувоздаҳуми тақвими қамарии мусалмонӣ (ҳиҷрӣ) сурат мегирад, ки худи он моҳро бо забони арабӣ зу-л-ҳиҷа ("ҳаҷ кардан") меноманд. Имсол ҳаҷҷ аз 17 то 22 июл баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти идораи байналмилалии омории "Worldometer", аз замони паҳншавии сироят дар Арабистони Саудӣ 463 703 ҳолати Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, 7537 нафар фавтидаанд ва 446 054 бемор шифо ёфтанд.