Дар ҷамъомади видеоӣ, ки 18 декабри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, супоришҳои дахлдор дода шуда буданд. Аз ҷумла, зарурияти самарабахш истифода бурдани иқтидори бузурги сайёҳии кишвари мо, зиёд кардани миқдори иншооти сайёҳӣ ва ҷойҳои меҳмонқабулкунӣ зикр гардида буд.

Дар муаррифӣ лоиҳаҳое, ки мувофиқи вазифаҳои мазкур коркард шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Манзараҳои зебои кӯҳистони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд эътибори сайёҳони зиёдро, бахусус дар мавсими баҳору тобистон ҷалб менамоянд. Ба мақсади вусъат додани шароит барои сайёҳон сохтмони пойгоҳи замонавии истироҳат дар деҳоти Миракии ноҳияи Шаҳрисабз, Нуробод ва Кумушкони ноҳияи Паркент ба нақша гирифта шуданд.

Ҳамчунин ташкил намудани ҷойҳои меҳмонқабулкунӣ аз тарроҳиҳои сабук дар пойгоҳи Майдонаки вилояти Қашқадарё, ба соҳаи савдо ва хидматрасонӣ мувофиқ сохтани биноҳои дахлдор, обод кардани ҳудудҳо пешбинӣ мегарданд.

Яке аз марказҳои ҷолиб барои сайёҳон бозорҳо маҳсуб меёбанд. Вале ҳоли ҳозир баъзе бозорҳои мо барои сайёҳон ҷолиб нестанд, дар онҳо ороишоти миллӣ намерасанд.

Вобаста ба ин аз ҷониби роҳбари давлат супурда шуд, ки лоиҳаи маҷмӯъҳои бозор, ки маданияти миллии моро инъикос карда тавонанд, коркард шаванд. Дар муаррифии имрӯза лоиҳаҳо бобати ба маҷмӯи ҷолиби сайёҳон табдил додани бозори шаҳрҳои таърихӣ, ки пешакӣ таҳия шудаанд, муҳокима гардиданд.

– Бояд бозорҳо ба «корти ташриф»-и мамлакат табдил ёбанд, махсусиятҳои нодири онҳо нигоҳ дошта шавад. Дуконҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, маснуоти заргарӣ, озуқаворӣ, биноҳо барои хушнудӣ бояд якдигарро дар ҳамоҳангӣ пурра кунанд ва харидорону сайёҳонро ба худ ҷалб созанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Муҳимияти омӯхтани таҷрибаи дахлдори Туркия ва кишварҳои Араб, ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ ба лоиҳасозӣ таъкид кард.

Дар ҷараёни муаррифисозӣ ҳамчунин оид ба бозорҳое, ки бояд дар чунин марказҳои сайёҳӣ, аз ҷумла Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива сохта шаванд, маълумот пешниҳод гардид. Роҳбари давлат бобати дар лоиҳаҳо инъикос намудани манзараи минтақаҳо, созмон додани шароитҳои васеъ барои сайёҳон супориш дод.

Дар ҷамъомади Шӯрои оид ба маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ аз ҷониби Президент масъалаи такмил додани фаъолияти Сирки давлатии Тошканд баррасӣ шуд. Дар муаррифсозӣ нақшаҳо оид ба таъмири иморати ин муассисаи фарҳангӣ, ҳамчунин сохтмони бинои таълимӣ барои 300 нафар ба мақсади қаробати таълим ва таҷриба дар ҷараёни тайёркунии кадрҳо барои соҳаи санъати сирк муҳокима гардиданд.

Роҳбари давлат бинобар коркард ва босифат татбиқ намудани лоиҳаҳо супоришҳо дод.