"Сбербанк"-и Русия комиссияро барои интиқоли пул ба Ӯзбекистонбекор кард

    Молия 10 Avgust 2022 1631

    Аз 1 август муштариёни "Сбербанк" имкон пайдо мекунанд, ки ба хешовандон ва дӯстони худ дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон бидуни комиссия рубл интиқол диҳанд.

    Қайд карда мешавад, ки хидмат дар замимаи "СберБанк Онлайн" ҳангоми интиқол тавассути рақами телефон ба кортҳои бонкҳои маҳаллӣ дастрас аст, хабар медиҳад портали молиявии "Aкчабар" бо истинод ба бонки Русия.

    Дар айни ҳол дар Ӯзбекистон хидматгузориро "Agrobank", "UniversalBank", "Hamkorbank", "Xalq Bank", "Ориент Финанс Банк" дастгирӣ менамояд.

    Имконияти интиқоли пул ба дигар кишварҳои ИДМ бо истифода аз замимаи мобилии "СберБанк Онлайн" низ вуҷуд дорад, дар ин бобат 1 фоиз комиссияи ситонида мешавад.

    «Бо дарназардошти афзоиши талабот ба интиқол аз Русия ба кишварҳои хориҷи наздик, мо бо муассисаҳои молиявии Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи имкони анҷом додани интиқол аз Русия бидуни комиссия ба созиш расидем. Ба хизматрасонии интиқол тавассути рақами телефон талабот зиёд аст. Ба мизоҷон дар як лаҳза интиқол додани маблағ ва бехатарӣ писанд меояд, - гуфт директори шӯъбаи пардохтҳо ва интиқоли Сбербанк Леонид Шныр.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates