Дар рӯзи ниҳоии мусобиқот дар вазни беш аз 100 кг ҳамватани мо Шоҳрух Бахтиёров ба зинаи сеюми шоҳсуфа баромад. Дар мубориза барои биринҷӣ ӯ бар Мариус Физели словак пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Диёра Келдиёрова дар вазни -52 кг барандаи мусобиқа шуда, Обидхон Нӯъмонов дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст оварда буд.