баннер
20 Apr 2025
08:02

    Мунтахаби Ӯзбекистон U17 бар АМА пирӯз гардида, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

    Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ғалабаи боваринок бар дастаи АМА, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасони то 17-сола роҳ ёфт.

    13 апрели соли равон дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо тими АМА бозӣ кард. Дар ин бозӣ дастаи мунтахаби миллии мо бар тими Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

    Асилбек Алиев, ки дар нимаи аввали бозӣ дублро қайд кард, дар дақиқаи 14-уми бозӣ аз зарбаи ҷаримавии 25-метра босамар истифода намуда, ҳисобро боз кард.

    Дар дақиқаи 35-ум Алиев тӯбро, ки Сайфиддин Содиқов аз қаноти чап фиристода буд, ба гол табдил дод ва дар қисми охири бозӣ худи Содиқов ҷаримаи 11-метраро аниқ иҷро карда, ҳисобро ба 3:0 расонд.

    Баъди танаффус тими миллии АМА дар дақиқаи 66-ум як гол зад - Муҳаммад Бути Алмарар пас аз вазъияти стандарт гол зад. Аммо ин барои тағйир додани натиҷаи бозӣ кофӣ набуд.

    Ҳамин тариқ, дар бозии дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва АМА Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон тими АМА-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасони то 17-сола роҳ ёфт.

    Мусобика барои дарёти роҳхат ба зинаи ниҳоӣ 17 апрели соли ҷорӣ доир мегардад.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech