Дар соли ҷорӣ ФБСТ шумораи рекордии ширкаткунандагонро интизор аст – қариб 2,5 ҳазор намоянда аз 93 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои бузург ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, БАТР, ОПЕК ва СҲШ.
Анҷуман имкони беҳамторо барои ба роҳ мондани робитаҳои корӣ дар чунин соҳаҳои ояндадор, аз қабили трансформатсияи рақамӣ, рушди масирҳои нақлиётию логистикӣ, инфрасохтор ва иқтисодиёти "сабз" ва ғайра фароҳам меорад. Зиёда аз 40 чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаҳои секционӣ, мизҳои мудаввар ва презентатсияҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки иқтидори сармоягузории Ӯзбекистонро муфассал омӯзед.
Маросими ифтитоҳи як қатор лоиҳаҳои бузург бо иштироки шарикони хориҷӣ нуқтаи авҷгирии форум хоҳад буд. Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ФБСТ ҷаласаи умумии дуюми Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.