Дар доираи ин марҳила шаҳрвандон метавонанд тӯли 17 рӯз тавассути сомонаи расмии census.stat.uz бо истифода аз низоми OneID ба таври онлайн аз рӯйхат гузаранд.

Бояд гуфт, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин барои ҳамватаноне, ки муваққатан дар хориҷи кишвар қарор доранд, раванди барӯйхатгирии онлайн имконпазир аст. Онҳо метавонанд аз макони дилхоҳ тавассути низоми ягонаи идентификатсионӣ аз рӯйхат гузаранд.

Видео-дастур оид ба тартиби барӯйхатгирии онлайн тавассути замимаи зерин пешниҳод шудааст.