Раиси Сенат муовини якуми Котиби генералии СММ-ро қабул кард

    8 июн Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо муовини якуми Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот анҷом дод.

    Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, корҳо дар доираи ноил шудан ба ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, дастгирии занон, васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо, густариши минбаъдаи иштироки онҳо дар ҳаёти давлат ва ҷамъият, инчунин як қатор дигар масъалаҳои муҳим муфассал муҳокима карда шуданд.

    Дар оғози мулоқот Раиси Сенат меҳмонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфта, дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси кишвар, барқарор карда шудани равобити некҳамсоягӣ, шароите, ки дар доираи дастгирии занон фароҳам оварда шудаанд, корҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, такмил додани қонунгузорӣ нақл кард ва бо натиҷаҳои онҳо шинос намуд.

    Ҳамзамон, зимни суҳбат қайд гардид, ки 23-24 июни соли 2021 дар шаҳри Бухоро форуми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои ҳамкориҳои глобалии байнипарлумонӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид.

    Дар навбати худ Амина Муҳаммад ҳамчунин қайд кард, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон тағйироти мусбӣ ба амал омада истодааст, ки ин дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад. Вай таъкид кард, ки Ӯзбекистон ба сифати кишвари пешрафта дар минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба дастгирии занон фаъол кор пеш мебарад.

    Баъд аз он ҷонибҳо корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд.

    Хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates