Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳияи танқидӣ гузашт, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар ҳаракати баъзе ҳокимон нишонаҳои коррупсия ва ошнобозӣ ошкор гардиданд. Баъзе роҳбарон ба ташвиши аҳолӣ эътибор надодаанд. Бо вуҷуди ҷудо шудани маблағи зарурӣ беҳдошти таъминоти оби нушокӣ, гармиву қувваи барқ таъмин карда нашудааст.
Субсидияҳои барои ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об ҷудошуда бемақсад истифода шудаанд. Ҳиссаи қарзҳои мушкилотдошта дар бонкҳои вилоят афзоиш ёфта, ҳодисаҳои дуздии маблағҳои барои қарзҳои имтиёзнок пешбинишуда ошкор гардиданд. Шумораи фалокатҳои роҳу нақлиёт ва ҷиноят афзудааст.
Барои муносибати бемасъулиятона ба вазифаи хизматӣ, камбудию хатоҳои ҷиддӣ дар кор ҳокимони ду ноҳия, як қатор роҳбарони идораҳои ҳудудӣ аз вазифаашон озод карда шуданд. Барои бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар гардондани ободонии маҳаллаҳо супоришҳо дода шуданд.
– Мо дар назди худ мақсадҳои хеле баланд гузоштаем ва одамон аз мо натичаҳои амалиро интизоранд. Ман имрӯз 10 нафар роҳбаронро аз кор озод кардам. Минбаъд талаб нисбат ба роҳбароне, ки кор намекунанд, хеле сахт мешавад. Ҳар кас бояд дарси ибрат гирад, – гуфт сарвари давлат дар анҷоми ҷамъомад.
Бо ҳамин сарвари давлатамон сафарро ба вилояти Самарқанд анҷом дода, ба Тошканд баргашт.