Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳамоиш омодагӣ мебинад

    Дирӯз дар Пекин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба поён расид.

    Аз 22 апрел то 25 апрели соли 2024 ҳамоҳангсозони миллӣ ҷараёни омодагӣ ба рӯйдодҳои асосии дарпешистода дар доираи СҲШ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар моҳи май ва нишасти сарони СҲШ дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Остонаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар рафти чорабинӣ лоиҳаи Эъломияи Остонаи Шӯрои сарони давлатҳо – аъзои СҲШ, ки қабули он дар паи ҳамоиши сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст, муфассал баррасӣ шуд.

    Ҷониби Ӯзбекистон ба иштирокчиён дар бораи рафти омодагӣ ба Ҷаласаи дарпешистодаи судҳои олии кишварҳои узви СҲШ (22-24 май дар Тошканд), инчунин Форуми СҲШ (4-5 июл дар Тошканд) маълумот дод.

    Форуми СҲШ механизми машваратии бисёрҷониба, ҷамъиятӣ ва коршиносон мебошад, ки бо мақсади пешбурд ва дастгирии илмии фаъолияти СҲШ, барои рушди ҳамкориҳои байни марказҳои тадқиқотӣ ва сиёсатшиносии кишварҳои узви СҲШ, гузаронидани тадқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами доираи шартҳои созмон ташкил шудааст.

    Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда гузашт ва аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates