Шавкат Мирзиёев бо интихобкунандагони андиҷонӣ  вохӯрӣ баргузор намуд

    Интихоботи 29 Sentabr 2021 4129

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон - Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 сентябр бо интихобкунандагони вилояти Андиҷон вохӯрд.

    Вохӯриро шахси боэътимоди номзад дар вилояти Андиҷон О.Охунов ифтитоҳ намуд.

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ карда, ҳозиринро бо барномаи интихоботии худ ошно кард. Барнома даҳ самти афзалиятнок: иқтисод, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф, тиб, рушди минтақа, идоракунии давлатӣ, волоияти қонун, сиёсати хориҷӣ ва фарҳангро дар бар мегирад.

    Номзад дар бораи масоили кунунии вилояти Андиҷон суҳбат кард ва нақшаҳояшро барои ҳалли онҳо ва беҳбуд бахшидани зиндагии аҳолӣ шарҳ дод.

    Тавре зикр гардид, таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба ҳифз ва таҳкими саломатии одамон нигаронда хоҳад шуд. Дар ду соли оянда дар шаҳру навоҳӣ 11 поликлиникаи нави оилавӣ ва дар маҳаллаҳо 29 бунгоҳи тиббиӣ оилавӣ таъсис дода мешаванд. Ҳама муассисаҳои тиббии вилоят пурра таъмир ва таҷҳизонида мешаванд.

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ дар панҷ соли оянда дар вилоят 21 ҳазор хонаи бисёрқабата сохта мешавад. Ба масофаи 5 хазор километр хатти электр кашида, 2 ҳазор трансформатор насб карда мешавад. Дар натиҷа таъминоти қувваи барқи беш аз 350 ҳазор хонадон, объектҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳо барқарор карда мешаванд.

    Дар барномаи номзад ба масъалаи бо кор таъмин кардан диққати махсус дода шудааст. Дар панҷ соли оянда дар Андиҷон 420 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

    Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ метавон 170 ҳазор нафарро бо кор таъмин кард. Дар бахши хидматрасонӣ беш аз 80 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва ҳаҷми хидматрасонӣ се баробар афзоиш меёбад.

    Умуман, дар панҷ соли оянда аз буҷети давлатӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Андиҷон 40 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

    Самти дигари муҳим ин ба сатҳи нав баровардани иқтидори сармоягузорӣ ва содиротӣ мебошад. Бо ин мақсад дар панҷ соли оянда татбиқи 4500 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳадаф содироти минтақаро чор маротиба афзоиш дода, соле ба 2,5 миллиард доллар расондан аст. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки ҳиссаи маҳсулоти тайёр ва нимтайёр дар содирот аз 42% то 76% зиёд карда шавад.

    Дар маъруза инчунин ба вазифаҳо дар кишоварзӣ дахл карда шуд. Зикр гардид, ки тавассути истифодаи самараноки захираҳои замину об метавон 80 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дод.

    Нақшаҳои рушди маориф, фарҳанг ва варзиш низ зикр шуданд.

    - Новобаста аз он ки кадом ислоҳот, чӣ гуна тағйирот, кадом лоиҳаҳои навро мо имрӯз ба нақша гирифтаем, ҳамаи онҳо ба ҳадафи ягона ва бузург нигаронида шудаанд. Ин ҳам бошад, баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои он, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои халқамон, умуман, дуои халқро гирифта, розӣ кардани онҳо мебошад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Аъзои ҳизб зимни суханронӣ ҷонибдории номзадии Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуда, аз шаҳрвандон даъват карданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates