Шавкат Мирзиёев: Халқи мо натиҷаи таҳкурсии имрӯз гузошташударо ҳатман мебинад

    Ҳукумат 7 Aprel 2023 6645

    Президент Шавкат Мирзиёев ба мактаби эҷодии ба номи Ҳалима Худойбердиеваи Гулистон ташриф овард.

    Бо ташаббуси сарвари давлатамон дар сартосари кишвар ҷиҳати абадӣ гардондани арбобони барҷастаи фарҳанги кишварамон ва ошноии ҷавонон бо мероси онҳо корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд. Ҳамин тариқ 9 мактаби эҷодӣ, аз он ҷумла ба номи Абдулло Қодирӣ дар шаҳри Тошканд, Иброҳим Юсупов дар Нуқус, Абдулло Орипов дар Қаршӣ ташкил карда шуданд.

    Зодаи вилояти Сирдарё, шоири халқии Ӯзбекистон Ҳалима Худойбердиева бо истеъдоди нотакрор, ашори аз ҷиҳати бадеию фалсафӣ ғанӣ, асарҳои публитсистии худ дар пешрафти адабиёти ӯзбек ҳиссаи калон гузоштааст.

    Дар рафти сафар ба вилояти Сирдарё соли 2019 Шавкат Мирзиёев то ки номи шоираи марҳум абадӣ гардонда, барои ҷавонони боистеъдод шароит фароҳам оварда шавад, ташкил кардани мактаби эҷодиро пешниҳод намуда буд. Пас аз ин, қарори дахлдори Девони Вазирон қабул гардида, моҳи декабри ҳамон сол мактаб ба истифода дода шуд.

    Сарвари давлат ба пояи муҷассамаи Ҳалима Худойбердиева дар назди даромадгоҳи мактаб гул гузошта, аз осорхонаи хурди ба ҳаёт ва фаъолияти шоира бахшидашуда дидан кард. Хонандагони мактаб аз шеърҳои ӯ намунаҳо хонданд.

    Дар мактаби эҷодӣ дар баробари фанҳои таълими умумӣ забони модарӣ ва адабиёт чуқур омӯзонда мешавад. Дар айни ҳол дар ин ҷо 180 нафар писарону духтарони боистеъдод таҳсил мегиранд. Синфхонаҳо, утоқи компутерӣ, лаборатория, толори варзишӣ ва хобгоҳ замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Китобхонаи мактаб зиёда аз 3,5 ҳазор китобҳои бадеӣ дорад.

    Дар суҳбат бо омӯзгорони мактабҳо ва намояндагони зиёиён дар бораи сифати таълим, ислоҳот дар соҳа сухан рафт.

    – Мо аз рӯзҳои аввал барои беҳтар гардондани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани мақом ва нуфузи омӯзгор саъю кӯшиш дорем. Меъёрҳои дахлнок дар Конститутсия низ мустаҳкам карда мешаванд. Худи шумо мебинед, ки замон торафт мураккаб мегардад. Мо кай ба рақобат муносиб мешавем? Агар мо соҳибмаълумот бошем. Маҳз аз ин рӯ мо мазмуни таълимро ислоҳ карда, барои ҷавонон шароит фароҳам меорем. Солҳо мегузаранд, муҳит дигар мешавад. Вале халқи мо натиҷаи таҳкурсие, ки имрӯз гузошта шудааст, албатта хоҳад дид. Аз сафи ҷавонон боз Бухорӣ, Берунӣ, Улуғбекҳо пайдо мешаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Оид ба вобаста намудани донишгоҳҳо ба мактабҳои эҷодӣ, васеъ гардондани ҳамкории онҳо бо дигар мактабҳои вилоят, нашри китобҳои ҷавонони боистеъдод дастурҳо дода шуданд.

    Бо ҳамин сафари Президент ба вилояти Сирдарё ба охир расида, сарвари давлат ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates