Шавкат Мирзиёев: Геология барои иқтисодиёт мисли обу ҳаво зарур

    Ҳукумат 11 Dekabr 2021 4351

    31 январи соли 2020 сарвари давлатамон ба пойдевори Донишгоҳи илмҳои геология капсула гузошт.

    Дар солҳои охир ба соҳаи геология маблағҳои калон гузошта, технологияҳои пешқадам ҷорӣ карда шуд. Захираҳои маъданҳои фоиданоки ҳам санҷидашуда ва ҳам пешбинишуда зиёд шуданд. Аз ин рў, имрўз барои азхудкунии ин захираҳо ва аз онҳо истеҳсол намудани маҳсулот бо арзиши иловагӣ мутахассисони соҳибихтисос заруранд.

    Аз ин рӯ, соли гузашта бо ташаббуси Президент дар системаи Кумитаи давлатии геология ва сарватҳои маъданӣ Донишгоҳи илмҳои геологӣ таъсис дода шуд. Зимни сафари кунунӣ сарвари давлат бо шароити дар донишгоҳи нав фароҳам овардашуда шинос шуд.

    – Аҳамияти геологияро барои иқтисодиёт аз будаш зиёд гуфтан мумкин нест. Дар солҳои охир мо ба аз нав эҳё намудани мактабҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳо эътибор медиҳем, бо роҳи ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами илмӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ шароити беҳтарин фароҳам меорем. Ҳоло барои натиҷа кор кардан лозим аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аз рӯи 7 ихтисоси бакалаврӣ ва 6 риштаи магистратура таҳсил мекунанд. Пешбинӣ шудааст, ки ин самтҳо ва ихтисосҳо мувофиқи эҳтиёҷоти соҳа васеъ карда шаванд.

    Ғайр аз ин барои коркунони соҳаи геология, ки зиёда аз 5 сол собиқаи кор доранд, шуъбаи ғоибона кушода шудааст.

    Сарвари давлат бо донишҷӯён ва ҳайати проффессорию омӯзгории донишгоҳ суҳбат кард.

    Дар марҳалаи якуми лоиҳа бинои таълимӣ, хобгоҳ ва 2 донишкадаи илмӣ, китобхона, лаборатория ва музеи геология сохта шуданд.

    Дар навбати дуюм сохтмони лабораторияи 7-ошёна, бинои 5-ошёнаи маъмурии Кумитаи давлатии геология, фонди геологии 7-ошёна, бинои ҶС «Ӯзбек геологияи қидирув» ва маҷмӯи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

    Президент барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмон супоришҳои дахлдор дод.

    Дар таркиби донишгоҳ Донишкадаи геология ва геофизикаи ба номи Х.М.Абдуллоев, Донишкадаи сарватҳои зеризаминӣ, Донишкадаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, Донишкадаи геология ва иктишофи конҳои нафту газ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи геология, Маркази технологияҳои геоинноватсионӣ ва Осорхонаи давлатии геология фаъолият нишон медиҳанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates