Сарвари давлат дар номаи худ изҳори итминон кардааст, ки Олмон дар оянда низ таҳти роҳбарии канслер мавқеи худро ҳамчун кишвари пешрафтаи демократӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта мустаҳкам хоҳад кард.
Алоҳида қайд гардид, ки Ӯзбекистон ба таҳкими равобити бисёрҷониба ва дарозмуддат бо Олмон, ки шарики анъанавӣ ва аз имтиҳони вақт гузаштаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, диққати махсус медиҳад.
«Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштараки мо шарикии мо дар иқтисодиёти «сабз», сармоягузорӣ, инфрасохтор, технология, таълим, тандурустӣ, экология ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар оянда босуръат рушд карда, ба сатҳи комилан нав мебарояд», - омадааст дар номаи Президентамон.