Шавкат Мирзиёев: Дар амалӣ гардондани ҳар як ислоҳот пеши назарам омӯзгорон меояд

    Ҳукумат 24 Fevral 2023 5850

    Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Қашқадарё омад.

    Сиёсати иҷтимоии кишварамон ба амалӣ намудани дигаргунсозиҳо дар ҳар як маҳалла ва мақсаднок ҳал намудани дархости аҳолӣ нигаронда шудааст. Дар маҳаллаи Янги Батоши ноҳияи Қаршӣ низ инфрасохтор пайваста ривоҷ меёбад. Маҳалла соли 2021 ташкил шуда, дар он мактаб набуд. Беш аз 500 нафар писарону духтарон ба мактабе, ки 10 километр аз маҳалла дур воқеъ буд, таҳсил мекарданд.

    Ба қарибӣ дар ин ҷо сохтмони мактаби нав ба охир расид. Зимни боздид аз маҳалла Президент бо мактаб шинос шуд.

    Муассисаи таълимӣ барои 660 хонанда пешбинӣ шудааст. Зиёда аз 30 синфхона, китобхона, толори ҷамъомадҳо, ошхона, лабораторияи STEM, синфи компутерӣ, ӯтоқҳои раҳнамоии касбӣ мавҷуданд.

    Майдончаҳои варзишии кушода ва пӯшида, минтақаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда шудааст.

    Дар кишвари мо ба ҷавонон омӯзондани камаш ду забони хориҷӣ ва як касби замонавӣ самти асосии фаъолияти низоми таълими мактабӣ муайян шудааст. Дар мактаби нав барои ин шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ӯтоқҳои махсус ҷиҳозонидашуда хонандагон дӯзандагӣ, заргарӣ, ошпазӣ, сартарошӣ, асрори электротехника, хидматрасонии компутерӣ ва телефонҳои мобилӣ, робототехникаро меомӯзанд.

    Сарвари давлатамон бо хонандагон суҳбат кард.

    – Мо тамоми шароит фароҳам меорем, то ки хонандагон баъди хатми мактаб забони хориҷиро донад ва касбро азхуд кунад. Синфи 11 синфи роҳи ҳаёт хоҳад шуд. Агар ҳар як хонанда ба ин мақсад расад ва дар ҷамъият ҷойгоҳи худро ёбад, пойдевори Ӯзбекистон мустаҳкам хоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент дар ин ҷо бо омӯзгорони Қашқадарё суҳбат орост.

    – Ҳангоми ба амал татбиқ намудани ҳар як ислоҳот, ҳангоми қабул намудани қарор пеши назарам симои омӯзгор падид меояд, – гуфт сарвари давлат. – Пӯшида нест, ки қаблан бачаҳоро се моҳ ба пахтачинӣ мебароварданд. Танҳо дар Қашқадарё 155 ҳазор ҷойи хонанда намерасид. Аз ин рӯ, ба ин вилоят 1 триллион сӯм ҷудо карда шуд. 215 мактаб сохта шуд. Ҳоло Қашқадарё аз ҷиҳати шумораи мактабҳо дар ҷумҳурӣ ҷойи якум аст. Музди меҳнати омӯзгорон низ зиёд карда шуд. Албатта, мо ин корро давом медиҳем. Аммо аз ҳама муҳимаш бояд сифат бошад. Ин пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ, фидокории омӯзгорон вобаста аст.

    Дар вохӯрӣ омӯзгорон дар бораи фаъолияти худ нақл намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates