Шавкат Мирзиёев бо корҳои сохтмони маҷмӯи Имом Бухорӣ шинос шуд

    Ҳукумат 24 Avgust 2023 4569

    Президент Шавкат Мирзиёев 24 август ба вилояти Самарқанд омад.

    Раҳбари давлатамон аввал мақбараи Имом Бухориро дар ноҳияи Пайариқ зиёрат кард. Сураҳо аз Қуръон ва дуо хонда шуданд.

    – Аз даргоҳи Худованди мутаъол таманно дорем, ки сулҳу оромии кишварамонро ҳифз кунад, ба мо ободиву фаровонӣ фиристад. Инак, то ҷашни 32-солагии истиқлолиятамон вақти хеле кам мондааст. Мо миннатдорем, ки халқи мо чунин роҳи дуру дарозро тай кардааст. Дар баробари ин мо дар назди худ нақшаҳои калон гузоштаем. Барои ноил шудан ба онҳо дучанд меҳнат кардан, ба тарбияи ҷавонон бештар диққат додан лозим аст. Вақте ки дар ҳама соҳаҳо таҳсилу дониш авлавият доранд, натиҷааш баланд хоҳад буд. Мо мехоҳем, ки ҷавононамон ба чунин гузаштагонамон, ба мисли Имом Бухорӣ, Мирзо Улуғбек муносиб бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Қайд карда шуд, ки дар Самарқанд низ бояд чунин модели таълими маърифати исломии бухороӣ ташкил карда шавад. Дастурҳо дода шуданд, ки корҳо оид ба ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои бегона, мубориза бар зидди ҷаҳолат бо маърифат бо истифода аз мероси олимони гузашта пурзӯр гардонда шаванд.

    Айни замон маҷмӯи Имом Бухорӣ бозсозӣ мешавад. Сарвари давлат намунаҳои корҳои пардозиро аз назар гузаронд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates