Шавкат Мирзиёев: Маҳалла — пойдевори бунёдии давлат

    Ҳукумат 18 Fevral 2022 5330

    Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳаёти маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Янгиҳаёт шинос шуд.

    Дар ин ҷо 11 манзили истиқоматӣ мавҷуд буда, зиёда аз 4 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди маҳалла коллеҷи касбу ҳунар, муассисаи таълимии томактабӣ, дорухонаҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ фаъолият мекунанд.

    Пештар маҳалла бе эътибори зарурӣ мемонд. Соли гузашта дар доираи барномаи «Маҳаллаи обод» он обод карда шуд. Майдони бачагона ва майдончаҳои варзишӣ сохта, мағозаву ателеҳо кушода шуданд.

    Сарвари давлат бунёдкорҳои мазкурро аз назар гузаронд. Бо раиси маҳалла ва ёвари ҳоким сӯҳбат кард.

    — Мардуми мо ба зиндагӣ кардан дар чунин мухити ободу зебо сазовор аст. Мақсади саъю кӯшиши мо бобати маҳаллабай ташкил кардани кор ҳамин аст. Акнун дар маҳалла бояд муҳити дӯстона ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ҳукмфармо бошад. Чорабиниҳоро дар рӯҳи ба арзишҳоямон муносиб баргузор намудан мумкин, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар бинои нави ҷамоати шаҳрвандон бо фаъолони маҳалла, намояндагони насли калонсол вохӯрӣ баргузор гардид.

    — Маҳалла пойдевори бунёдии давлат аст, — гуфт Президент. — Агар он обод бошад, кишвар ҳам обод хоҳад шуд. Худатон мебинед, ки замона ноором аст. Ҳамон гуна ки оилаи беихтилоф вуҷуд надорад, давлате вуҷуд надорад, ки дар он ҳеҷ мушкилие набошад. Мо босаброна, ба илм такя карда, бо меҳнату амал нақшаҳои худро иҷро мекунем.

    Дар асоси низоми дар мамлакатамон ҷоригардида ба 30 маҳаллаи ноҳияи Янгиҳаёт муовинони ҳоким ва пешвоёни ҷавонон таъин карда шуданд.

    — Пештар мардум бо мушкилоти худ ба ҳокимият мерафтанд, мактуб менавиштанд. Ҳоло дар ҳар маҳалла намояндагони Президент ҳастанд. Онҳо бояд аҳволи оилаҳоро омӯзанд, ба ниёзмандон кумак кунанд, оиди омӯзонидани касб ба бекорон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ва субсидияҳо кор ташкил кунанд, —гуфт сарвари давлат.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates