Дар Конститутсияи мамлакати мо бунёди давлати иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон мустаҳкам шудааст. Вобаста ба ин, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад. Дар баробари сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ба беҳтар намудани мазмуни таълим аҳамияти калон дода мешавад.
Имсол мактаби рақами 32 аз таъмири асосӣ баромад. Мактаб барои 782 талаба пешбинӣ шудааст. Дар 22 синфхона, толори варзишӣ, ошхона, лабораторияи STEM, синфхонаҳои информатика шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Дар китобхона зиёда аз 1,5 хазор китоби бадеӣ мавҷуд аст.
Чӣ хеле ки маълум аст, ба ҷавонон омӯзондани камаш ду забони хориҷӣ ва як касби замонавӣ ҳамчун самти асосии ислоҳоти таълими мактабӣ муайян шудааст. Дар ҳудуди истифоданашудаи мактаб аз конструксияҳои сабук биноҳои иловагӣ сохта, барои омӯзондани 15 касбу кори гуногун шароит фароҳам оварда шуд. Дар онҳо донишандӯзон малакаҳои ибтидоии IT, хидматрасонии техникӣ, бофандагӣ, сартарошӣ, косметология, кулолгарӣ, кандакории чӯбро азхуд мекунанд.
Президент аз ин синфхонаҳо дидан карда, бо бачаҳое, ки дар маҳфилҳои тобистона иштирок мекунанд, суҳбат кард.
– Мо фарогирии маълумоти олиро васеъ мекунем. Аммо на ҳама дар донишгоҳ таҳсил карданро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки фарзандони мо аз мактаб омӯхтани забонҳо ва касбҳои хориҷиро оғоз кунанд. Шахсе, ки ақаллан як касбро азхуд кардааст, кам нахоҳад шуд. Вай метавонад минбаъд дар болои худ кор карда, маҳорати худро такмил диҳад. Аз ин рӯ, ҳадафи мо фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳар як ҷавон аст, – гуфт сарвари давлат.
Шавкат Мирзиёев бо омӯзгорон ва собиқадорони меҳнат ҳамсуҳбат шуд.