Ин ёдгорӣ, ки дар он рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи Ватани мо аз давраҳои қадим то замони муосир ва ҳамчунин симоҳои олимону подшоҳони бузург инъикос ёфтаанд, ба рамзи истиқлолияти кишвар табдил ёфтааст. Дар қуллаи он парандаи Хумо – рамзи герби давлатӣ ва ифодаи ормонҳои олиҳиммату арзишҳои миллати мо ҷойгир шудааст.
Сарвари давлат таъкид карда буд, ки ин муҷассама ёдгории бузургест, ки ба шарафи Ватани маҳбуб, халқи марду ҷасур, сулҳдӯст ва меҳнатқарин, қаҳарамони мо бунёд ёфтааст.
Дар маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассама намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Администратсияи Президент, Девони Вазирон, вакилони ҷамъиятии шаҳри Тошканд иштирок намуданд.