Вохӯриро шахси боэътимоди номзад дар вилояти Намангон И.Наҷмиддинов ифтитоҳ намуд.

Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ маърӯза кард.

Барнома аз даҳ самти афзалиятнок иборат буда, алалхусус масъалаҳои бунёди иқтисодиёти навро дар асоси илм ва инноватсия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути соҳибкории фаъол ва дастгирии мақсадноки молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сифати таълим, таҳкими саломатии аҳолӣ, рушди мутавозини минтақаҳо, ташаккул додани идоракунии давлатии ба халқ нигаронидашуда, таъмини волоияти адолат ва қонун, татбиқи сиёсати хориҷии кушода ва прагматикӣ, рушди фарҳанг ва баланд бардоштани маънавият дар бар мегирад.

Таъкид гардид, ки дар давоми панҷ соли охир дар вилояти Намангон ҳаҷми саноати маҳаллӣ қариб ду баробар афзуда, дар маҷмӯъ 277 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Дар баробари ин бисёр масъалаҳои актуалии вобаста ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва маишат вуҷуд доранд.

Дар барномаи номзад дар вилояти Намангон созмон додани 400 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, камаш 2 баробар афзун гардондани даромади аҳолӣ ва 2 маротиба коҳиш додани камбизоатӣ дар тӯли панҷ соли оянда ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян шудааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ таъсиси 164 ҳазор ҷойҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф таъсиси 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ тавассути татбиқи беш аз 10 000 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 7 миллиард доллар дар соҳаи нассоҷӣ, чарм ва пойафзол, хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон ва мебел мебошад.

Зикр гардид, ки "нуқтаҳои асосии рушд" дар бахши хизматрасонӣ туризми дохилӣ ва хориҷӣ, тиҷорат ва логистика хоҳанд буд. Имконияти ба маркази сайёҳӣ табдил додани вилояти Намангон таъкид гардид, ки қодир аст соле ба ҳисоби миёна 1,5 миллион сайёҳро қабул намояд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома хоҳад ёфт, пешбинӣ шудааст, ки дар соҳа беш аз 80 ҳазор нафар бо кор таъмин карда шаванд. Зиёда аз 11 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ ба муддати дароз ба иҷора дода мешавад.

Дар маърӯза инчунин ба масъалаҳои сохтмони манзил, рушди нақлиёти автомобилӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ дахл карда шуд. Гуфта шуд, ки дар панҷ соли оянда дар вилоят 700 бинои серошёнаи дорои 16 ҳазор квартира сохта мешавад. Дараҷаи таъминоти марказонидашудаи оби нушокӣ ба 85 фоиз расонда мешавад. Беморхонаҳои нав кушода мешаванд, миқёси расонидани хадамоти тиббии баландтехнологӣ васеъ мегардад.

Дар панҷ соли оянда дар Намангон 7 донишгоҳ кушода мешавад, ки дар натиҷаи он шумораи умумии онҳо ба 10 мерасад. Дар назар аст, ки дар пойгоҳи мактаби эҷодии Ибрат Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ташкил карда шавад.

- Ман дар оилаи оддӣ, зиёӣ ба воя расидаам, амиқ дарк мекунам, ки инсон бояд барои расидан ба ҳадафи худ пайваста кор кунад, аз душвориҳо ва мушкилот натарсад. Дар ин кор ман ба эътимод ва дастгирии мардуми мо, ҳамватанони саховатманд,  меҳрубони мо - намангониён такя мекунам, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Намояндагони ҳизб ба сухан баромада аз номзадии Шавкат Мирзиёев изҳори пуштибонӣ карданд ва дигаронро даъват карданд, ки дар интихоботи президентӣ ба ӯ овоз диҳанд.