Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни маросим видео-муроҷиат ирсол кард.
Дар паёми худ Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинянро бо дарёфти ин ҷоиза табрик намуд.
«Кӯшишҳои муштараки ин роҳбарони сиёсӣ, ки ба ҳалли оқилонаи низои бисёрсолаву ба даст овардани сулҳ равона шудаанд, сазовори чунин мукофоти бонуфуз гардиданд», — таъкид намуд роҳбари кишвари мо.
«Созише, ки ба даст омад, намунаи равшани муносибати масъулона ба ҳалли мушкилоти ниҳоят душвор буда, як қадами воқеан таърихӣ дар роҳи таҳкими субот дар минтақаи васеи мо мебошад.
Танҳо тавассути ваҳдат, дастгирии ҳамдигар ва ҳамкорӣ метавон пешрафту некӯаҳволии умумии халқҳоямонро таъмин кард», — гуфта шудааст дар муроҷиати Президент ба иштирокчиёни маросим.
Сарвари кишвари мо таъкид намуд, ки Ӯзбекистон ҷонибдори ҳалли ҳама гуна низоъ ва ихтилофҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ-дипломатӣ, дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек мебошад.
Саҳми роҳбарияти Амороти Муттаҳидаи Араб дар пешбурди фаъолонаи ташаббусҳои башардӯстона ва таҳкими пайгиронаи фарҳанги муколама дар арсаи байналмилалӣ алоҳида зикр шуд.