Шавкат Мирзиёев бо Нурсултон Назарбоев вохӯрд

    Ҳукумат 6 Dekabr 2021 2822

    Баъд аз музокирот дар дараҷаи олӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон ӯро ба муносибати Рӯзи Нахустин Президент, ки ба нишони эътирофи хизматҳои барҷастаи асосгузори Қазоқистони соҳибистиқлол таҷлил мешавад, самимона табрик гуфт.

    Роҳбари мамлакати мо қайд кард, ки ба шарофати роҳи амиқи сиёсии муайянкардаи Нурсултон Назарбоев Қазоқистони бародар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

    Президенти Ӯзбекистон ба саҳми шахсии Элбошӣ дар рушди шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон баҳои баланд дод. Имзо карда шудани Декларация дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ имрӯз идомаи мантиқии пурзӯр гардидани робитаҳо гардид.

    Дар мулоқот масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар фазои Осиёи Марказӣ муколамаи сиёсӣ фаъол гардида, механизми Мулоқотҳои машваратӣ роҳандозӣ шудааст, фазои дӯстӣ ва эътимод ба вуҷуд омадааст.

    Нурсултон Назарбоев аҳамияти сафари давлатии кунуниро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни кишварҳоямон таъкид кард.

    Сипас Шавкат Мирзиёев ба музейи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф овард.

    Дар осорхона утоқҳои кории Назарбоев дар шакли аслии худ нигоҳ дошта шудаанд. Дар толори Маҷлис, ки дар он мулоқоту вохӯриҳо бо журналистон баргузор шуданд, экспозицияе гузошта шудааст, ки дар бораи рушди Қазоқистони замонавӣ нақл мекунад. Бисёр экспонатҳо алоқаҳои сиёсати хориҷии Қазоқистонро бо шарикони хориҷӣ намоиш медиҳанд.

    Сарвари давлатамон бо музей шинос шуда, дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates