Шавкат Мирзиёев дар съезди Ҳизби либералӣ-демократии Ўзбекистон иштирок кард

    Ҳукумат 9 Sentabr 2021 5948

    Президент Шавкат Мирзиёев 9 сентябр дар съезди X Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон - Ҳизби либералӣ-демократии Ўзбекистон иштирок кард.

    Дар анҷуман масъалаи пешбарии номзад аз ҳизб барои иштирок дар интихоботи президентӣ, ки 24 октябр баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

    Иштироккунандагони анҷуман қайд карданд, ки интихоботи дарпешистода як рӯйдоди муҳими сиёсист, аз ин рӯ, бояд аз ҳизб номзади соҳиби дониши амиқ ва таҷрибаи васеъ, пешвои воқеии мақсаднок ва қатъӣ пешбарӣ карда шавад.

    Съезди Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон - Ҳизби либералӣ-демократии Ўзбекистон фикри электоратро ба назар гирифта, қарор қабул намуд, ки ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёевро, ки фаъолияташро ба кори шукуфонии халқамон бахшидааст, ба таъмини рушди минбаъдаи кишвар дар ин замони душвор қодир буда, бо хислатҳои намунавии инсонӣ ва қобилияти роҳбарии худ эҳтиром ва муҳаббати ҳамватанонро ба даст овардааст, пешбарӣ намояд.

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ маърӯза кард.

    Вакилони ба сухан баромада, таҷрибаи чандинсолаи номзадро дар вазифаҳои роҳбарӣ, саҳми бузурги ӯро дар рушди кишвар ва беҳбудии некӯаҳволии мардум қайд карданд.

    Дар давоми панҷ соли охир ба шарофати ташаббус ва кӯшишҳои Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои маъмурӣ, судию ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ислоҳоти таърихӣ гузаронида шуданд. Демократия пурзӯр гардонда шуда, ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ таъмин карда шуд.

    Дар ин давра иқтисодиёти кишвар 24 фоиз, саноат 34 фоиз, ҳаҷми содирот 1,5 баробар, сармоягузории хориҷӣ 3 баробар афзоиш ёфт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард доллар расид. Музди миёнаи моҳона 2,2 баробар афзуд.

    Барои соҳибкорон ва корчаллононе, ки қисми зиёди интихобкунандагони ҳизбро ташкил медиҳанд, имкониятҳои бештар фароҳам оварда шудаанд. Дар бобати тараққӣ додани минтакаҳо, васеъ кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат ва хизматрасонӣ чораҳо дида шуданд.

    Таъкид шуд, ки ҳамаи ин ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад ва некӯаҳволии мардуми моро боло мебарад.

    Тавре ки вакилон қайд карданд, манфиатҳои мардум ҳадафи асосии ислоҳот гардиданд. Барномаҳои васеъмиқёси иҷтимоӣ ба амал бароварда шуданд. Ба рушди илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва санъат, ВАО ва варзиш таваҷҷӯҳи зиёд дода шуданд.

    Иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев роҳи боэътимодноктарини муваффақиятнок идома додани ин дигаргуниҳо ва пешрафтҳост.

    Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates