Шавкат Мирзиёев дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пирӯзии боварибахш ба даст овард

    Интихоботи 25 Oktabr 2021 7291

    25 октябри соли 2021 Комиссияи марказии интихобот натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эълон кард.

    Ба ҳамин муносибат Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон дар маҷмӯи «Humo Arena» чорабинӣ баргузор намуд. Дар он фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб иштирок карданд.

    Иштирокчиён тавассути мониторҳо пахши онлайнии нишасти матбуотии Комиссияи марказии интихоботро, ки ба натиҷаҳои пешакии интихобот бахшида шуда буд, тамошо карданд. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев бо касби 80,1 дарсади овозҳо пирӯз шуд. Ҳозирон ин хабарро бо хурсандӣ ва чапакзании пурмавҷ пешвоз гирифтанд.

    Гуфтан мумкин аст, ки овоздиҳӣ инъикоси ҷараёни ислоҳот ва дигаргунсозиро васеъ дастгирӣ намудани мардум мебошад, ки натиҷаҳои он дар ҳаёти мо возеҳ эҳсос шуда, таҷассуми эътимоди шаҳрвандони мо ба фардо мебошад. Дар тӯли панҷ соли охир таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев корҳои васеъмиқёси мислаш диданашуда амалӣ гардиданд. Рӯҳи навсозӣ ба ҳама соҳаҳо расид. Мувофиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ислоҳоти муҳими маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ татбиқ шуданд.

    Дар ин давра иқтисодиёти кишвар 24 фоиз, саноат 34 фоиз, содирот 1,5 баробар, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ 3 баробар афзоиш ёфт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 60 миллиард доллар расид. Музди миёнаи моҳона 2,2 баробар афзуд.

    Барои тараққиёти минтақаҳо, вусъати саноат ва хидматрасонӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Садҳо корхонаю заводҳо, ҳазорҳо ҷойҳои нави кор ба вуҷуд омаданд. Хуллас, корҳои бузурги созандагӣ ба ҷо оварда шуданд.

    Самаранокии амалӣ, манфиати инсон дар мадди аввал ислоҳот қарор дорад. Барномаҳои ба иҷтимоиёт нигарондашуда ба амал бароварда шуданд. Ба инкишофи илм, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, маданият ва санъат, матбуот ва спорт диққати калон дода шуд.

    Дар арафаи интихобот стратегияи “Ӯзбекистони Нав” таҳия гардид, ки ба пайваста идома додани ин кор, ба сатҳи нав баровардани рушди мамлакат ва ҳаёти халқи мо нигаронда шудааст. Дар рафти вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ҳадаф ва мазмуни барнома ба интихобкунандагон васеъ фаҳмонда шуд ва шаҳрвандон ба муваффақияти стратегия бовар доштанд.

    Дар чорабинӣ Шавкат Мирзиёев суханронӣ намуда, ба халқи мо барои боварӣ ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.

    - Боварии халқи бузурги мо барои ман хушбахтии бузург аст! Ба ҳамаи ҳамҳизбонам, чавонписарон ва духтарон, модарону падарони азиз барои боварӣ ва дастгирие, ки ба ман зоҳир карда шудаанд, миннатдории беандоза баён мекунам. Ин боварӣ ба ман қувва мебахшад. Ва дар баробари ҳамаи ин то чӣ андоза бузург будани масъулиятро бо қалбам эҳсос менамоям, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Қайд карда шуд, ки дар замони имрӯзаи пурташвиш бояд бисёр озмоишҳои душворро паси сар кард ва мардуми мо бо меҳнати хоса ва фидокории худ муттаҳид шуда, ба комёбиҳои бузург ноил мегардад.

    - Дар тӯли панҷ соли охир мо аз чӣ гуна озмоишҳо нагузаштем! Онҳо моро обутоб доданд. Онҳо моро наздиктар карданд. Мо гирди ҳам омадем. Имрӯз ҷаҳон бори дигар дид, ки халқи муттаҳид ба чӣ қодир аст, - гуфт Президент.

    Таъкид гардид, ки интихоботи президентӣ, ки аввалин маротиба дар асоси Кодекси интихобот баргузор гардид, дар рӯҳи демократия, рӯшод ва ошкоро гузашт.

    -Аз бисёр мамлакатҳо, созмонҳои калони байналхалқӣ нозирон омаданд. Онҳо ба қитъаи интихоботии дилхоҳ рафта, шароитҳои фароҳам овардашударо дида, боварӣ ҳосил карданд, ки мардуми мо ба фардо бефарқ нестанд, онҳо дар интихобот фаъолона ширкат варзиданд, бо аҳли оилаашон ба овоздиҳӣ омаданд. Ин аз руҳия, табъ ва маданияти сиёсии халқи мо шаҳодат медиҳад. Дар вохӯриҳо дар маҳалҳо мардум оид ба ҳар як соҳа, шаҳр ё ноҳияи худ таклифҳои дахлдор пешниҳод мекунанд. Танқид ҳам садо медиҳад. Ин ҳам натиҷаи он аст, ки ҳаёти мо тағйир ёфт, ислоҳоти демократӣ ба амал бароварда мешавад. Боз гуфтаниам: роҳи бозгашт нест. Акнун Ўзбекистон фақат ба пеш ҳаракат мекунад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат ба тамоми нозирони хориҷӣ ва маҳаллӣ, аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ ва намояндагони васоити ахбори омма изҳори сипос намуд.

    Ӯ ҳамчунин ба номзадҳое, ки дар интихоботи президентӣ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ширкат доштанд, изҳори сипос кард.

    - Онҳо ҳам барои рушди Ӯзбекистон кӯшиш доранд. Бинобар ин мо пешниҳодҳои онҳоро, ки ба халки мо маъқул шуд, дар барномаи худ албатта ба назар мегирем. Дирӯз мо рақиб будем, аммо ҳоло мо бояд ҳамчун як мушт амал кунем. Қавл медиҳам, ки тамоми қувваю имкониятҳоро ба кор мебарам, то ба боварии баланди халқамон сазовор гардам, орзую умеди онҳоро ба амал барорам, ҳаёти ободу осударо таъмин намоям. Ўзбекистони навро ҳамаамон якҷоя бунёд менамоем, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates