Ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Мадҳияҳои давлатии Ӯзбекистон ва Қазоқистон садо доданд.
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Қасим-Жомарт Тоқаев аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, ба якдигар аъзои ҳайатҳои расмиро шинос карданд. Сипас мулоқоти сарони давлатҳо дар доираи танг сурат гирифт.
Зимни мулоқот, ки дар фазои самимӣ ва эътимод гузашт, сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Қазоқистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуда, ҳамчунин оид ба рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Президенти Қазоқистон раҳбари Ӯзбекистонро хайрамақдам гуфта, бори дигар ӯро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи гузаштаи президентӣ муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно кард ва ҳамчунин аҳамияти сафари мазкурро қайд кард.
- Бо камоли мамнуният шуморо дар Қазоқистон бо сафари давлатӣ пазироӣ менамоем. Он барои ба зинаи нав баровардани ҳамкорӣ аҳамияти муҳим дорад. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз ба имзо мерасанд, ба шарикӣ такони иловагӣ хоҳанд дод. Мо аҳд кардем ба ҳукуматҳои мамлакатҳоямон супориш диҳем, ки барои муваффақ шудан ба вазифаҳои гузошташуда чораҳои пурҳӯшу хуруш бинанд. Мо боварӣ дорем, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо омили ҷиддии таъмини субот ва амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, – гуфт Қасим-Жомарт Тоқаев.
Президенти кишварамон барои даъват изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ин мулоқот дар остонаи 30-солагии истиқлолияти Қазоқистон ҷараён дорад ва аз номи мардуми Ӯзбекистон халқи бародарро бо ин рӯйдоди фархунда самимона табрику таҳният гуфта, сулҳу амонӣ, шукуфоӣ ва ғалабаҳои нав ба нав таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки таҳти роҳбарии Қосим-Жомарт Тоқаев имрӯз Қазоқистон корҳои бузурги бунёдкориро, ки аз ҷониби Президенти Нахустин – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев оғоз шудааст, идома дода, дилпурона бо роҳи рушди устувор пеш меравад.
Раҳбари Ӯзбекистон суръати баланди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ду давлати бародарро бо қаноатмандӣ қайд кард.
- Ӯзбекистон ва Қазоқистон шарикони табиии иктисодӣ мебошанд. Иқтисодиёти мо рақобат намекунанд, балки якдигарро пурра мекунанд. Савдои байниҳамдигарӣ вусъат меёбад. Интизор меравад, ки муомилоти мол имсол ба сатҳи рекордии 4 миллиард доллар мерасад. Ҳаҷми боркашонии автомобилӣ ва роҳи оҳан меафзояд. Ҳаракати ҳавоӣ пурра барқарор гардид, хатсайрҳои нав кушода мешаванд. Корхонаҳои пешқадами мо ҳамкориро бомуваффақият вусъат медиҳанд. Дар тӯли солҳои охир миқдори корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо амалан дар тамоми сеторҳои иқтисодиёт шаш баробар афзуд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ махсусан қайд карда шуд, ки дар он робитаҳои мустақими байни минтақаҳо ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар нақши муҳим доранд.
Дар остонаи сафари Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон дар Туркистон таҳти раҳбарии Сарвазирон ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва Анҷумани минтақаҳо баргузор шуд. Як рӯз пеш дар пойтахти Қазоқистон форуми соҳибкорон бомуваффақият баргузор гардид. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо ба маблағи 6 миллиард доллар созишномаю шартномаҳо ба имзо расиданд.
Дар Кустанай истеҳсоли автомобил, автобус ва техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Туркистон ва Чимкент корхонаҳои замонавии бофандагӣ ва истеҳсоли асбобҳои рӯзгор ба роҳ монда шуданд. Дар Ӯзбекистон якҷо бо шарикони қазоқӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кимиё, саноати хӯрокворӣ ва сохтмон лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд.
Мамлакатҳои мо дар давраи пандемия ба якдигар ёрии бародарона расонданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ фаъолона инкишоф меёбад. Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошканд Рӯзҳои синамои Қазоқистон бомуваффақият баргузор шуданд. Ва ин ҳафта дар пойтахти Қазоқистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Мулоқотҳои машваратии навбатии сарони давлатҳои минтақа самаранокии худро нишон доданд. Майдончаи беназири муколамаи ошкоро ва боваринок ташаккул ёфтааст.
Ўзбекистон ва Қазоқистон инчунин дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, СҲИ, Ташкилоти давлатҳои туркӣ ва дигар сохторҳо фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.
- Имрӯз мо қарори таърихӣ қабул мекунем, ки шарикии стратегии дуҷонибаро ба сатҳи муносибатҳои иттифоқӣ расонем. Ин барои таъмини рушди устувор, субот ва шукуфоии на танҳо кишварҳои мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти бузург хоҳад дошт. Мо тарафдори таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ бо Қазоқистони бародар ҳастем, - гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмиллалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар пайравиашонро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягии Ӯзбекистон ва Қазоқистон тасдиқ намуданд.