Шавкат Мирзиёев ба Идораи ҳукумати рақамӣ ташриф овард

    Ҳукумат 6 Dekabr 2021 3387

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Сарвазири Қазоқистон Асқар Мамин ба Идораи ҳукумати рақамӣ, ки дар ҳудуди Маркази корчаллонии EXPO дар шаҳри Нур-Султон ҷойгир шудааст, ташриф овард.

    Идораи мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ ёфт ва он Маркази миллии таҳлилӣ, Маркази табдили рақамӣ ва Идораи миллии лоиҳаро фаро мегирад.

    Роҳбари кишварамон инчунин бо имкониятҳои маркази вазъиятӣ шинос шуд. Он ба тамоми махзани маълумот дастрасӣ пайдо мекунад ва бо минтақаҳо робитаи зич дорад, ки ба ӯ имкон медиҳад, вазъи воқеиро дар интернет бубинад, масалан маълумот дар бораи суръати афзоиши эмгузаронӣ дар кишварро.

    Имкониятҳои платформаи таҳлилӣ бинобар тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ намоиш дода шуданд. Бо ёрии он, дар тартиби онлайн нархҳои ғизоро назорат карда, нишондиҳандаҳои пешгӯии хароҷотро ташаккул додан мумкин аст. Илова бар ин, дар пойгоҳи офис лоиҳаҳо дар соҳаи инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

    Намояндаи дафтари мазкур корҳоеро, ки дар Ӯзбекистон оид ба рушди сармояи инсонӣ, таъсиси IT-паркҳо ва омодасозии барномасозон, рақамикунонии соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд, қайд намуда, таъкид кард, ки Қазоқистон низ ин роҳро пеш гирифтааст.

    Сарвари давлатамон аҳамияти табодули таҷрибаро дар ин самт, ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳнии сунъӣ дар соҳаи хидматрасониҳои давлатӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таҳияи қарорҳо барои беҳтар намудани бароҳатии зиндагӣ таъкид кард.

    Бо ин сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон анҷом ёфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates