Дар фурудгоҳи байналмилалии «Пулково» меҳмони олиро губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Сарвари давлати мо имрӯз дар нишасти ғайрирасмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат хоҳад кард. Рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои мубрами густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонро дар бар мегирад.