Солҳои охир дар ин ҷо иморат, нуқтаҳои савдо ва хидмати маишӣ, майдончаҳои бачагона сохта шудаанд. Сокинони маҳалла аз қитъаҳои замине, ки дар ихтиёрашон ҳаст, босамар истифода намуда, деҳқонӣ мекунанд ва бо чорводориву паррандапарварӣ машғул мегарданд.
Роҳбари давлат дар хонадони Сайдулло Мирзоев меҳмон гардида, бо шароити ҳаёти хонавода шинос гардид.
Роҳбари хонадон солҳои зиёд чӯпонӣ кард. Ӯ ва ҳамсараш Хосият шаш фарзандро тарбия намуданд. Дар ҳавлии обод хоҷагии ёрирасон ташкил гаштааст. Дар гармхона лимӯ парвариш карда мешавад.
– Сурхондарё сарзамини босаховат аст. Дар ин ҷо имкон ҳаст, ки соле се бор ҳосили хоҷагии қишлоқ ба даст оварда шавад. Мо аз ин бояд истифода намоем, ба ин ҷо аз мамлакатҳои рушднамуда технология оварем ва барои маҳсулоташ бозор пайдо кунем. Ин чун манбаи даромади иловагӣ ва ҳам ҷойи кор хоҳад гардид, – гуфт Президент.
Сайдулло нақл кард, ки имрӯз писари ӯ бо соҳибкорӣ машғул аст, арӯсаш духтур мебошад, наберагон хуб мехонанд ва умуман вай аз ҳаёт розӣ аст.
– Бо шукр зиндагӣ кардан хислати ҷавонмардона аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ҳоло барои иқомат, таълим ва кор тамоми шароит мавҷуд аст. Аз ҳама муҳим аст, ки дар мамлакатамон сулҳ ва субот ҳукмрон бошад.
Роҳбари давлат инчунин аз иморатҳои бисёрошёнаи замонавӣ, ки дар маҳаллаи Мангузари шаҳри Тирмиз бунёд гаштааст, боздид намуд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё ба поён расид. Роҳбари давлатамон ба Тошканд баргашт.