Шавкат Мирзиёев: Ҳам соҳибкорон, ҳам одамон бояд даромад гиранд

    Ҳукумат 7 Oktabr 2021 4093

    Президент Шавкат Мирзиёев 7 октябр ба вилояти Сирдарё омад ва дар ин ҷо бо фаъолияти корхонаи муштараки "Сирдарё мега люкс" шинос шуд.  

    Соли гузашта дар ин ҷо истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷмии полипропиленӣ ба рох монда шуда буд. Ин халтаҳо, ки онро контейнерҳои маҳин низ меноманд, метавонанд аз 500 то 5000 кило борро ғунҷоиш диҳанд. Онҳо имрӯзҳо дар истеҳсолот, тиҷорат, кишоварзӣ ва логистика васеъ истифода мешаванд. "Сирдарё Мега Люкс" метавонад соле 132 миллион чунин контейнер истеҳсол кунад.

    Корхонаи калон, ки аз хафт бино иборат аст, пай дар пай ривоҷ меёбад. Моҳи майи соли равон истеҳсоли плёнкаи дуқабата ба роҳ монда шуд. Дар моҳҳои наздик истеҳсоли стретч-плёнка ва матои бетору пуд бинобар технологияи "спанбонд" ба роҳ монда мешавад.

    Ҳоло дар ин ҷо беш аз 2 ҳазор нафар кор мекунанд. Вақте ки ин лоиҳаҳо бо иқтидори пурраи худ кор мекунанд, шумораи ҷойҳои корӣ ба 5 ҳазор мерасад.

    Имрӯз ширкат маҳсулоташро ба 14 кишвар, аз ҷумла Русия, Исроил, Белорус, Украина ва Қазоқистон содир менамояд. Дар баробари лоиҳаҳои нав то ба 215 миллион доллар зиёд гардондани ҳаҷми содирот ба нақша гирифта шудааст.

    Ба сарвари давлат ҳамчунин оид ба лоиҳаҳои оянда маълумот дода шуд.

    Ҳамин тариқ, дар панҷ соли наздик таъсиси технопарки истеҳсоли маҳсулоти полимерӣ ва татбиқи ҳашт лоиҳа ба маблағи 350 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Барои ин онҳо ба маблағи 260 миллион доллар сармоя ва технологияҳои Олмон, Италия ва Австрияро ҷалб хоҳанд кард.

    Президент ба зарурати таваҷҷӯҳи махсус додан на танҳо ба самарабахшии иқтисодӣ, балки иҷтимоии лоиҳаҳоро таъкид кард.

    - Ашёи хом барои ин маҳсулот дар мо, ватани маҳбубамон вуҷуд дорад. Агар мо инро оқилона истифода барем ва тавозуни байни нарх ва сифатро ба даст орем, маҳсулоти мо рақобатпазир хоҳад буд. Бо лоиҳаҳои на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоию иқтисодӣ низ сарукор шудан лозим. Ҳам соҳибкорон, ҳам одамон бояд даромад ба даст оранд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар бораи ду баробар зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот ва сохтмони манзил барои коргарон супориш дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates