Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард

    Ҳукумат 16 Sentabr 2021 3584

    Президент Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омад.

    Сарвари давлати моро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

    Ўзбекистон яке аз давлатҳои асосгузори СҲШ ба ҳисоб меравад. Имрӯз узви комилҳуқуқи ин созмон, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, ҳашт давлат - Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

    Дар тӯли 20 соли охир созмон ба як сохтори бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфт. СҲШ имрӯз фазоест, ки қариб нисфи аҳолии сайёра ва бозори азими истеъмолиро бо захираҳои бойи табиӣ ва технологияҳои пешрафта муттаҳид мекунад.

    Ўзбекистон ба СҲШ ҳамчун инструменти муҳим барои рушди ҳамкории бисёрҷонибаи муфиди тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию инсонпарварӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷинояти трансмиллӣ нигоҳ мекунад.

    Мамлакати мо дар фаъолияти созмон фаъолона иштирок мекунад. Ташаббусҳои сарвари давлати мо ба густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ хизмат мекунанд.

    Имрӯз Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот хоҳад кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates