Ба рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои бисёрҷанба дар доираи Шӯро, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, «иқтисоди сабз», технологияҳои рақамӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ дохил шудаанд.
Дар ҷамъбасти мулоқот қабули ҳуҷҷатҳое дар назар аст, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Дар ҷараёни сафар сарвари давлати мо як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.