Шавкат Мирзиёев ба Мактаби байналмилалии математика ташриф овард

    Ҳукумат 12 Oktabr 2021 6127

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Мактаби байналмилалии математикаи ноҳияи Қоракӯл шинос шуд. 

    Ин муассиса соли 2009 дар шакли мактаби махсуси таҳсилоти умумӣ ташкил карда шудааст. То ба наздикӣ дар ин ҷо шароити замонавӣ вуҷуд надошт. Аммо усули беназири таълим, ки дар ин ҷо ба роҳ монда шудааст, мактаби оддии деҳотро ба муассисаи таълими дар саросари кишвар машҳур табдил дод. Дар се соли охир, ҳамаи хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳо дохил шуданд ва донишҷӯён мунтазам ғолибон ва барандагони олимпиадаҳои байналмилалӣ мегарданд. Барои таҳсилгирӣ дар мактаб ҷавонон аз тамоми минтақаҳо ба ин ҷо меоянд.

    Бо қарори Девони Вазирон аз 9 августи соли 2019 ин муассисаи таълимӣ ба Мактаби байналмилалии математикӣ табдил дода шуд. Бинои коллеҷи пешинаи касбӣ таъмир карда, ба мактаб дода шуд. Дар ин ҷо ҳама шароит фароҳам оварда шудааст: 64 синфхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, толорҳои варзишӣ, китобхона, хобгоҳ барои донишҷӯён сохта шудаанд.

    Таълим дар мактаб аз синфи 7 оғоз мешавад, қабул дар асоси озмоишҳои тестии Маркази давлатии тест оид ба фанҳои иқтисод, дақиқ ва табиатшиносӣ сурат мегирад. Холо дар ин чо 470 нафар писарону духтарон таҳсил мегиранд. Ба онҳо зиёда аз 60 омӯзгорони соҳибихтисос таълим медиҳанд.

    Сарвари давлат бо ҷамоаи мактаб суҳбат кард.

    - Мо дар ҳамаи соҳаҳо ислоҳоти ҷиддиро оғоз кардем. Аз хориҷа технологияҳои муосирро ҷалб менамоем. Барои истифода бурдан аз онҳо дониш, кадрҳои боиқтидор лозим. Ҳар чӣ қадар бештар донед, кори оғознамудаамон самарабахштар гардида, кишварамон тезтар ривоҷ хоҳад ёфт. Мо ба таълим ва омӯзгорон эътибори доимӣ хоҳем дод, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин ҷо лоиҳаҳо оид ба паҳн кардани таҷрибаи Мактаби байналмилалии математика, тайёр кардани мутахассисони IT муаррифӣ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates