Шавкат Мирзиёев: Роҳи ягонаи дурусти мо – роҳ ба сӯи дониш

    Ҳукумат 29 Sentabr 2021 12721

    Президент Шавкат Мирзиёев аз мактаби хусусии “Янги авлод”-и шаҳри Андиҷон дидан кард.

    Мактаби таълими ҳамагонӣ, ки барои ҳазор ҷой пешбинӣ шудааст, имсол аввалин хонандагони худро қабул кард. Дар ду бинои сеошёнаи таълимӣ 55 синфхона, 3 лаборатория ва синфхонаҳои фаннӣ мавҷуданд. Онҳо бо асбобу анҷом ва ҷиҳозҳои замонавии таълим муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

    Мактаб ба забонҳои хориҷӣ тахассус дорад, дар ин ҷо забони англисӣ, чинӣ ва арабӣ амиқ таълим дода мешавад.

    Инчунин синфи интерактивӣ барои таълими фанҳои дақиқ ба забони англисӣ, маҳфилҳои арифметикаи менталӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва робототехника мавҷуд аст. Дар ошхона, майдончаҳои варзишии дарунӣ ва берунӣ, утоқҳои гимнастика ва хореография шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

    Президент дар суҳбат бо шогирдони мактаб аҳамияти дониш гирифтанро қайд кард.

    - Шумо дар роҳи дуруст ҳастед. Ҳеҷ гоҳ омӯзиш, ҷустуҷӯро бас накунед. Вақт зуд мегузарад, бинобар ин шумо бояд имрӯз омӯзед, то фардо дар зиндагӣ ҷои муносибе пайдо кунед, мутахассисони замонавии касби худ шавед. Бовар дорам, ки шумо ҳамчун як насли комилан нав ба воя мерасед, ки орзуҳои волидайн ва кишвари худро амалӣ хоҳад кард. Охир, шумо соҳиби дониш хоҳед шуд. Ва дониш, чунон ки борҳо гуфтам, дар оташ намесӯзад ва дар об ғарқ намешавад. Роҳи ягонаи дурусти мо роҳ сӯи дониш аст, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин ҷо лоиҳаи сохтмони муассисаи томактабӣ ва донишгоҳ низ муаррифӣ шуд. Дар назди мактаб сохтани кӯдакистон барои 150 кӯдак ва донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ барои 500 ҷой ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳамин тариқ, кӯдакистон, мактаб ва донишгоҳ ба кластери таълим табдил меёбад. Дар онҳо кӯдакон аз синни томактабӣ дониши амиқи технологияҳои муосири IT ва забонҳои хориҷиро меомӯзанд ва дар оянда мутахассисони варзидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мешаванд.

    Дар ин ҷо сарвари давлат ба саволҳои журналистон посух дод.

    Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳамин сафарро ба вилояти Андиҷон анҷом дода, ба Тошканд баргашт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates