Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев барои табрик ва дастгирии ҷавонон дар ин рӯзи хотирмон ба ин ҷо омад.
Дар назди даромадгоҳи марказ намоишҳои лоиҳаҳо, ихтироот ва дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳои гуногун ташкил гардид. Дар намоиши «Иноваторҳои ҷавон» коркардҳо дар самти муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дастгоҳҳои бесарнишин пешниҳод шуданд. Майдони «Иқдомҳои сабз» лоиҳаҳои экологӣ, роҳҳалҳои энергетикаи алтернативӣ ва кишоварзиро муаррифӣ мекард. Дар бахши «Лоиҳаҳои эҷодӣ» дастовардҳо дар ҳунармандӣ, дизайн, санъати тасвирӣ, навори видео ва фаъолиятҳои продюсерӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар майдони «Соҳибкории ҷавонон ва стартапҳо» лоиҳаҳои муваффақи соҳибкорони ҷавон муаррифӣ гардиданд.
Дар миёни онҳо барномаи “Billz” аст, ки онро ҷавони шаҳри Тошканд Рустам Ҳамдамов таҳия кардааст ва ба автоматизатсияи равандҳо дар соҳибкории хурду миёна кӯмак мерасонад. Ба ин лоиҳа сармоягузорон аз Британияи Кабир, Сингапур ва Туркия 6,6 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Фермери ҷавон аз Қароқалпоқистон Шерзод Ниязимбетов помидорҳои органикӣ парвариш мекунад, онҳоро дар офтоб хушк карда, ба Италия ва Фаронса содирот мекунад. Дар корхонаи ӯ тақрибан 200 нафар фаъолият мекунанд.
Инчунин Академияи ҷавонон, ки бо қарори Президент дар соли 2019 таъсис ёфтааст ва имрӯз беш аз 7 ҳазор олимони ҷавонро муттаҳид мекунад, васеъ муаррифӣ гардид. Дар миёни онҳо Сайфулло Қодиров аз Тошканд, ки дронҳоро барои харитакашии заминҳои кишт ва пошидани он аз ҳаво ихтироъ кардааст, ҷой дорад.
Диққати махсус ба муваффақияти духтароне ҷалб гардид, ки дар озмуни «Насли рақамӣ» ғолиб омадаанд. Масалан, Лобар Абдуллаева аз Хоразм барномаи «AI Scan»-ро барои ташхиси бемориҳои саратонӣ бо истифодаи зеҳни сунъӣ эҷод кардааст. Кумара Сагидуллаева аз Қарақалпоқистон трактори хурди офтобиро ихтироъ кардааст ва Абдулло Ҷамолиддинов аз Тошканд низоми автоматии обёрии боғро ихтироъ намудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев шахсан бо корҳои пешниҳодшуда шинос шуда, бо муаллифони онҳо суҳбат кард.
– Ҳар як дастоварди ҷавонони мо — ин қуввати мо, потенсиали мо, умеди мо ба оянда мебошад. Имрӯз фарзандони мо самтҳои пешрафтаро аз худ карда, аз замон пеш мераванд. Агар мо онҳоро дастгирӣ кунем, таълими босифат ва шароити рушд фароҳам созем, онҳо ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар мерасанд, – таъкид намуданд Сарвари давлат.
Пас аз боздид аз намоишгоҳ, Президент супориш дод, ки барои ихтироъкорони ҷавон вазоратҳои дахлдор вобаста карда шуда, барои рушди лоиҳаҳои онҳо кӯмак расонида шавад.
Тавре ки Шавкат Мирзиёев қайд кард, дар Ӯзбекистон ҷавонони боистеъдод ва ташаббускор зиёданд. Ин натиҷаи мустақими кӯшишҳое мебошад, ки ба рушди низоми таҳсилот, хусусан дар самтҳои STEM равона шудаанд. Дар чанд соли охир даҳҳо мактабҳои махсуси риёзӣ, физика, химия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудаанд. Дар доираи лоиҳаи «Як миллион барномасоз» аллакай 325 ҳазор нафар ҷавонон аз омӯзиш гузаштаанд.
Соҳибкории ҷавонон низ фаъолона рушд меёбад: 261 корхонае, ки аз ҷониби ҷавонон ташкил шудааст, аллакай солона зиёда аз 100 миллиард сӯм гардиши мол доранд. Ба маблағгузории стартапҳо бошад, 145 миллион доллар сармояи венчурӣ ҷалб шудааст.
Перспективаҳо ва имкониятҳои боз ҳам васеътар барои насли ҷавони Ӯзбекистон Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо ҷавонон муайян намуд.












