Ба ин муносибат аз давлатҳои хориҷӣ, ҳукумат, парлумон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои пешсафи хориҷӣ, арбобони маъруфи ҷамъиятӣ, динӣ ва варзишӣ, инчунин аз тамоми минтақаҳои кишварамон ва ҳамватанони бурунмарзӣ паёмҳои табрикоти самимӣ мерасанд.
Дар мактубҳо натиҷаҳои баланде, ки таҳти раҳбарии Президенти Ӯзбекистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини субот ва рушди мунтазами мамлакат, татбиқи барномаҳои ислоҳоти бебозгашти сиёсӣ ва навсозии иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба таҳкми нуфузи байналмилалии он нигаронида шудаанд, эътирооф шудааст.
Ба Президенти мо саломатии мустаҳкам ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатдорӣ комёбиҳои нав, ба халқи сермиллати Ӯзбекистон бошад, сулҳу осоиш, фаровонӣ ва пешравӣ таманно кардаанд.
Инчунин, имрӯз мулоқоти телефонии Сарвари давлат бо роҳбарони як қатор мамлакатҳо ба нақша гирифта шудааст.









