Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Баённомаи амиқсозии шарикии стратегӣ имзо гузоштанд.
Ғайр аз ин як қатор ҳуҷҷатҳое, ки беҳтарсозии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву туркманистониро пешбинӣ менамоянд, дар сатҳи ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои ду мамлакат, аз ҷумла:
– Нақшаи ҳаракатҳои амалӣ барои солҳои 2022-2024 бинобар фаъол кардани ҳамкориҳои мулоқоти сиёсӣ, мубодилаи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон;
– Муоҳида дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисоди хориҷӣ;
– Муоҳида дар бораи танзими фаъолияти хонаҳои савдо дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон;
– Муоҳида дар бораи ҳамкориҳои илмиву техникӣ;
– Нақшаи чораҳои амалӣ бобати вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ;
– Муоҳида дар бораи қайди воситаҳои доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ имзо шуданд.
Ҳамчунин шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои электроэнергетика, фаъолияти гумрук, ветеринария ва чорвопарварӣ, кинематография ва самтҳои дигар қабул гардиданд.