Раисӣ дар СҲШ ба Ӯзбекистон гузашт

    Ҳукумат 17 Sentabr 2021 4399

    17 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷамъомади ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

    Дар кори ҳамоиш, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузашт, сарони давлатҳои узви СҲШ – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Тоқаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин иштирок карданд.

    Аз давлатҳои мушоҳиди назди Созмон Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух намояндагӣ карданд. Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба сифати меҳмони ифтихорӣ ширкат ҷуст.

    Дар чорабинӣ ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи СҲШ, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттифоқи иқтисодии Авроосиё, Машварат оид ба ҳамкории тарафайн ва чораҳои эътимод дар Осиё ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доштанд.

    Мувофиқи рӯзномаи ҳамоиш натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар 20 соли гузашта ва вазифаҳои бартариноки ҳамкории бисёрҷанбаи минбаъдаи Созмон муҳокима гардиданд. Бинобар масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодили афкор ба амал омад.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ нақши рӯзафзуни Созмони ҳамкории Шанхайро дар муносибатҳои кунунии байналхалқӣ таъкид кард.

    – Дар давраи сипаришуда СҲШ субъекти муҳими сиёсати ҷаҳонӣ гардида, дар сафи сохторҳои баландпояи байналхалқӣ мақоми сазовор ишғол намуд. Шарикии минтақавӣ дар пояи равандҳои «рӯҳи Шанхай» таҳким меёбад. Иқтидори муштарак дар аксуламал ба хурӯҷ ва таҳдидҳои нав меафзояд, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва маданиву башардӯстӣ вусъат пайдо мекунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари давлати мо эътибори ҳозиронро ҳамчунин ба вазифаҳои рӯзмаррае, ки дар назди СҲШ истодаанд, ҷалб кард ва бинобар ҳаллу фасли онҳо пешниҳодҳои мушаххасро изҳор дошт.

    – Алҳол ҳамаи мо шоҳидони афзоиши шиддат дар олам ва минтақа ҳастем. Оқибатҳои манфии пандемия ҳанӯз боқӣ мемонанд. Аз мо дар доираи созмонамон ҳамҷиҳатии зиёд ва дастгирии тарафайн тақозо мегардад, – гуфт Президент.

    Сарвари Ӯзбекистон зарурияти муқовимати саривақтӣ ва муштаракро нисбат ба таҳдид ва хуруҷҳои умумӣ, зиёд кардани ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, таҳкими дӯстӣ ва амиқсозии ҳамкориҳои тарафайни маданиву инсонпарварӣ дар соҳати СҲШ таъкид намуд.

    Аз вазъияте, ки дар Афғонистон ба миён омадааст, изҳори ташвиш карда шуд. Равандҳои мушаххаси рушди мулоқот бо ҳукумати нави мамлакат, аз ҷумла муваффақ шудан ба намояндагии васеи сиёсии тамоми табақаҳои ҷомеаи Афғонистон дар идораи давлатӣ, ҳамчунин риоя кардан ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла занон ва ақаллияти миллӣ пешниҳод карда шуд.

    Барои муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо ва ҳамаҷониба баррасӣ намудани масъалаҳои танзими сиёсии вазъият дар Афғонистон Президенти кишвари мо таклиф кард, ки вохӯрии дараҷаи олӣ дар шакли «СҲШ – Афғонистон» бо ҷалби давлатҳои мушоҳид ва шарикон оид ба мулоқот мунтазам гузаронида шаванд. Изҳор гардид, ки Тошканд барои баргузор кардани аввалин чунин мулоқот омода аст.

    Бо назардошти раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СҲШ тӯли солҳои 2021-2022 роҳбари давлати мо афзалият ва вазифаҳои асосии фаъолияти Созмонро дар давраи минбаъда мушаххас намуд.

    Ба мақсади минбаъд афзудани шарикии бисёрҷанбаи байни давлатҳои узви СҲШ тайёр кардан ва қабул намудани Барномаи маҷмӯӣ доир ба татбиқ сохтани Муоҳидаи некҳамсоягии дарозмуҳлат, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои узви созмон дар тӯли солҳои 2023-2027 пешниҳод гардид.

    Президенти Ӯзбекистон ташаббуси коркарди Нақшаи саъю кӯшишҳои муштаракро оид ба рушди савдои дохилиминтақавӣ, ки чораҳоро бобати аз байн бардоштани монеаҳои тиҷоратӣ, қарин сохтани регламентҳои техникӣ, рақамикунонии тартиботи гумрук, ҳамчунин татбиқ сохтани чорабиниҳои дигар оид ба сабук кардани дастёбии тарафайн ба бозорҳо пешбинӣ менамояд, пеш гузошт.

    Барои ҳамаҷониба муҳокима намудани масъалаҳои рағбатноксозии иртиботи корчаллонии байни намояндагони ҷомеаҳои тиҷоратии кишварҳои Созмон соли оянда баргузор кардани Анҷумани иқтисодӣ ва Ҳафтаи навгониҳои саноатии СҲШ дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

    Муҳимияти ҳарчи зудтар қабул кардани Барномаи кооператсияи саноатии СҲШ ва дар ҳудуди давлатҳои аъзо ташкил намудани марказҳои кооператсияи саноатӣ қайд карда шуд.

    Роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки қабул шудани Стратегияи СҲШ оид ба рушди алоқамандии тарафайни нақлиёт имкон медиҳад иқтидори транзитии кишварҳои мо пурра истифода шавад ва самаранокии низоми гузаргоҳҳои «Шарқ – Ғарб» ва «Шимол – Ҷануб» баланд гардад.

    – Мо бо ташаббуси тайёрии муштараки Барномаи рушди инфрасохтори дарозмуҳлат дар соҳати СҲШ баромад мекунем, ки ба он метавонистанд лоиҳаҳои наздисарҳадӣ дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсияҳо, рушди «сабз» ворид шаванд, – қайд кард Шавкат Мирзиёев.

    Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои коҳиш додани нодорӣ ва таъмин намудани амнияти хӯрокворӣ Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки механизми вохӯриҳои мунтазами вазирон ва машваратҳои коршиносони соҳаи мазкур ба роҳ монда шаванд.

    Барои фаъолтар кардани саъю кӯшишҳо бобати таъмин сохтани сулҳу эътидол дар минтақа эътибори иштирокдорони ҳамоиш ба муҳимияти аз нав ба роҳ мондани мулоқоти вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар соҳати СҲШ ҷалб карда шуд.

    Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бо ташаббус дар бораи таъсис додани Анҷумани коршиносони СҲШ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ барои ҳарчи зудтар ҷавоб гуфтан ба таҳдиду хурӯҷҳои замонавӣ дар соҳати кибернетика баромад кард.

    – Мо ба комёбии муштараки «дипломатияи халқӣ» баҳои мусбат медиҳем, – суханонашро идома дод Президент. – Ба мақсади фаъолтар кардани робитаҳои маданӣ, илмиву таълимӣ, варзишӣ таъсис додани идораи «Сафирони иродаи неки СҲШ»-ро пешниҳод мекунем.

    Ғайр аз ин коркарди Муоҳидаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи сайёҳӣ таклиф карда шуд.

    Сарвари Ӯзбекистон ҳамчунин боз ба як мавзӯи муҳим – масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда, аз байн бардоштани пандемия, эътирофи тарафайни сертификатҳои оид ба ваксинатсия таваққуф намуд.

    Дар хотима Президенти мамлакати мо иштирокдорони вохӯриро ба ҳамоиши навбатии СҲШ, ки моҳи сентябри соли 2022 дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ меояд, даъват кард.

    Бинобар натиҷаҳои ҷамъомад Баённомаи душанбегии бистсолагии СҲШ қабул гардид, 30 ҳуҷҷат, ки ба минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар доираи созмон нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд.

    Ғайр аз ин номзадии Чжан Мин ба мансаби Котиби генералии СҲШ ва Руслан Мирзоев ба вазифаи директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ тасдиқ карда шуд.

    Тавре ки пештар хабар дода будем, Президенти кишвари мо ҳамчунин дар доираи «Созмони ҳамкории Шанхай – Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ» дар вохӯрии оид ба вазъият дар Афғонистон иштирок кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates