Мусобиқа дар мактаби миёнаи махсусгардонидашудаи №135 шаҳри Ашқобод баргузор шуд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ доир гардид, менигорад АИ "Дунё".

Аз рӯи натиҷаҳо, ҷои аввал насиби дастаи Туркманистон гардид. Дастаи Ӯзбекистон ҷойи дуюмро соҳиб шуда, 16 медал ба даст овард: 2 тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ. Ҷои сеюм ба дастаи Тоҷикистон расид.

Олимпиада дар ду категория — «А» ва «Б» баргузор гардида, ҳадафи он на танҳо муайян кардани беҳтаринҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ, балки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф буд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо ҳунарнамоии дастаҳои эҷодӣ ташкил карда шуд, ки фазои дӯстӣ ва ваҳдатро миёни кишварҳо инъикос намуд.