Корхонаи нав дар Шофиркон зиёда аз ҳазор касро бо кор таъмин намуд

    Ҳукумат 17 Fevral 2023 4428

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Бухоро Азтекс» дар ноҳияи Шофиркон шинос шуд.

    Пештар дар ин ноҳия иқтидорҳои саноатӣ набуд. Дар натиҷаи дигаргунсозиҳо дар кишоварзӣ дар ин ҷо низоми кластерӣ пайдо шуд, саноат ба вуҷуд омад. Ҳоло танҳо аз пахта ришта, матоъ, либоси тайёр, равғани пахта, собун, хӯроки чорво ва даҳҳо дигар маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

    «Бухоро Азтекс» аз ҷумлаи ҳамин гуна корхонаҳои замонавӣ мебошад. Дар ин ҷо силсилаи пурраи парвариш ва коркарди амиқи пахта ба роҳ монда шудааст. Дараҷаи маҳаллигардонӣ ба сад фоиз расид.

    Арзиши лоиҳа 8,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Таҷҳизот аз Ҷопон, Олмон ва Туркия насб шудааст. Зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин карда шуд.

    Корхона дар як сол 16 миллион дона либоси тайёр истеҳсол мекунад, ки ният доранд 50 фоизи онро ба бозори хориҷӣ интиқол диҳанд.

    Сарвари давлатамон ба сифати маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол мешавад, баҳо дода, бо коргарон суҳбат кард.

    Ҷолиби диққат аст, ки дар болои боми корхона панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Президент ба шахсони масъул оид ба зиёд намудани чунин корхонаҳои замонавӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ супориш дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates