Дар Аэропорти байналхалқии ба номи Ислом Каримови «Тошканд» меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зулайхо Маҳкамова ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар рафти боздид баргузор намудани мулоқот дар дараҷаи олӣ пешбинӣ шудааст. Аз рӯзнома масъалаҳои рушди минбаъдаи конструктивии гуфтугӯи сиёсӣ, дастгирии ҳамдигар дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, ҳамкорӣ дар ҷиҳати лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои маъруф ва институтҳои молиявии ду мамлакат, вусъат додани табодули маданиву инсонпарварӣ ҷой гирифтаанд.