Дар Сирдарё саноат ривоҷ меёбад

    Ҳукумат 7 Aprel 2023 6359

    Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи «Омон мед фарм»-и шаҳри Гулистон дидан кард.

    Дар ин ҷо 2 миллиону 400 ҳазор баста маҳсулоти доруворӣ, асосан аз растаниҳои дорувории маҳаллӣ ва ашёи хом истеҳсол карда мешавад.

    Антибиотикҳои истеҳсолкардаи корхона, доруҳо дар шакли ҳаб, ампула ва инфузия ба беморхонаю дорухонаҳо фиристода мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, як қисми маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шавад. Дар корхона қариб ҳазор кас кор мекунад.

    Сарвари давлатамон бо рафти истеҳсолот ва нақшаҳои минбаъдаи корхона шинос шуд.

    Ин ҷамъияти масъулияташ маҳдуд дар шакли кластери тиббӣ рушд мекунад. Дар назди он поликлиника, мактаб ва донишгоҳ сохта мешавад.

    Президент ба масъулин дастур дод, ки ба корхона дар васеъ намудани номгӯ ва роҳандозии содироти дорувор мусоидат кунанд.

    Дар ин ҷо маҳсулоти дорувории дар вилояти Сирдарё истеҳсолшуда намоиш дода шуд

    Маросими ба кор андохтани 6 корхонаи нав барпо гардид. Инҳо ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Ривер Мед Фарма», «Евразия газ бетон», «Модерн Марбел», «Пенг Шенг Чарм» дар ноҳияи Сирдарё, «Тошкент сити голд блок» дар ноҳияи Сайҳунобод ва «Интер Трейдинг групп» дар шаҳри Янгиер мебошанд. Роҳбарони онҳо дар бораи имкониятҳои худ тавассути пайванди видеоӣ нақл карданд.

    Зимнан зикр гардид, ки «Ривер Мед Фарма» дар як сол 42 миллион адад доруи инфузиявӣ истеҳсол намуда, 250 нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард.

    «Евразия газ бетон» ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ махсус гардонда шудааст. Дар ин ҷо аз рӯйи технологияи Голландия 450 ҳазор метри мукааб газобетон истеҳсол карда, 100 ҷойи кор ба вуҷуд оварда мешавад.

    «Модерн Марбел» дар як сол 800 ҳазор метри мураббаъ плитаҳои мармарӣ истеҳсол карда метавонад.

    «Пен Шенг Чарм» имкони тавлиди 1,5 ҳазор метри мураббаъ пӯсти табиӣ ва 468 тонна желатинро дорад. Қисми зиёди ин маҳсулот ба содирот пешбинӣ шудааст.

    Лоиҳаҳои «Тошкент сити голд блок» ва «Интер Трейдинг-групп» пурра аз ҳисоби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ татбиқ карда шудаанд. Корхонаи якум қодир аст дар як сол 300 ҳазор метри мукааб газоблок, дуюм — 45 ҳазор тонна орд истеҳсол кунад.

    Дар маҷмӯъ, дар ин корхонаҳо ҳудуди 600 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шарофати фаъолияти онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар вилоят 37 миллиард сӯм, содирот қариб 30 миллион доллар зиёд мешавад.

    Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаҳои навро ба кор даровард.

    Сарвари давлатамон бо намояндагони васоити ахбори омма низ суҳбат кард.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates