Имкониятҳои рушди саноати кишоварзӣ дар вилояти Сирдарё баррасӣ гардиданд

    5 май Президент Шавкат Мирзиёев оид ба ташкили корҳои соҳаи кишоварзии вилояти Сирдарё дар асоси тамоюлҳои нав ҷамъомад гузаронд.

    Вилояти Сирдарё аз ҷиҳати ҳудуд хурд бошад ҳам, дар асл, дар соҳаи кишоварзӣ иқтидори бузургро соҳиб аст. Майдонҳои асосӣ дар соҳили дарё ва каналҳо ҷойгиранд, мардумаш меҳнатдӯст, инфрасохтори мусоид дорад.

    Дар ҷамъомад санҷишҳои мақсадноки ноҳияҳо таҳлил гардида, пешниҳод ва нақшаҳои нав баррасӣ гардиданд.

    Дар бораи бо назардошти хусусиятҳои хоку иқлими замин парвариш кардани зиоратҳо, зиёд кардани ҳосилнокии ғалла, сабзавот ва картошка дар минтақаҳои саҳро пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.

    Таъмири шабакаҳои обёрӣ ва дар давоми ду сол дубора ба истифода супоридани 20 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст.

    Барои лоиҳаҳои хӯрокворӣ низ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, дар 9 ҳазор гектар майдони ноҳияҳои Оқолтин, Гулистон ва Боёвут ба кор даровардани 3 маҷмааи бузурги чорводорӣ, дар 7 ҳазор гектар майдон дар асоси технологияи нав парвариши пахта дар назар аст.

    Дар вилоят 10 ҳазор гектар боғ ва токзор мавҷуд. Дар бештар аз нисфи онҳо навъ ва агротехнология кӯҳна шуда, аз ин сабаб меваю сабзавоти онҳо харидоргир нестанд. Аз ин рӯ, 2 ҳазор гектар боғро нав карда, парвариши меваҳои дар хориҷ харидоргир ва ба харидорон пешкаш кардани қисми боқимонда дар назар аст.

    Инчунин, имсол лоиҳаи бозсозӣ ва идоракунии рақамии 607 километр канали байниноҳиявии « Ўнг тармоқ » ба анҷом мерасад. Дар натиҷа 35-40 фоизи об сарфа мешавад, таъмини об дар 27 ҳазор гектар беҳтар мегардад.

    Сарвари давлатамон ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, оид ба таъмини ҳосилнокӣ ва шуғли аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ, пурра таъмин намудани талаботи дохилии озуқаворӣ, афзун намудани иқтидорҳои коркард ва содирот супоришҳо дод.