Дар майдони назди қароргоҳ қаровули фахрӣ саф орост. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона истиқбол гирифт ва ӯро ба шоҳсуфа даъват намуд.
Дар иҷрои оркестри ҳарбӣ мадҳияҳои миллии Ӯзбекистон ва Словакия садо доданд. Роҳбарон аз назди сафи қаровули фахрӣ гузаштанд ва аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз анҷоми маросим ва аккосии муштарак музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфтанд.












