Ба иттилои манобеи рӯзномаи “8 субҳ”, ин даргирӣ дар деҳаи Дованг, ки дар байни ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон бо ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғинистон сурат гирифтааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби асосии ин даргирӣ тағйир додани самти ҷараёни об дар дарёи панҷ (Амударё) будааст. Ин масъала қаблан низ боиси баҳсҳо байни ду тараф шудааст.
Мувофиқи маълумоти ВАО, ин даргирӣ дар минтақаи истихроҷи тилло рух додааст, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, дар он фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, даргирӣ боиси талафоти ҷонӣ шудааст, аммо то ҳол теъдоди дақиқи қурбониён ва ҷароҳат бардоштагон муайян нашудааст. Маълум нест, ки кадом ҷониб талафот дордааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин ҳодиса вокуниши расмӣ накардааст. Талошҳои журналистон барои гирифтани назар аз Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бенатиҷа анҷомидааст.
Ҳаракати Толибон ҳам расман дар бораи ин иттилоъе надодаанд.
Ба иттилои “8 субҳ”, пас аз даргирӣ мақомоти баландпояи Толибон бо Исмоил Ғазнавӣ, волии нави ин гурӯҳ дар вилояти Бадахшон, вохӯрӣ баргузор кардаанд.
Ноҳияи Шаҳрибузург пештар низ шоҳиди даргириҳо байни нерӯҳои Толибон ва марзбонони тоҷик гардида буд.
Қаблан, сухангӯи ин ҷунбиш Забиҳуллоҳ Муҷоҳид гуфта буд, ки марзи байни Афғонистон ва Тоҷикистон "амн ва таҳти назорати пурра" қарор дорад.
"Ҳар ду ҷониб барои амният масъуланд ва мо ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунем", - таъкид карда буд ӯ.
Ин ҳодиса чанд рӯз пас аз боздиди ҳайати Толибон бо роҳбарии ҳокими Балх Юсуф Вафо аз Душанбе рух дод.
Ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода мулоқотҳо баргузор кард.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре боқӣ мемонад, ки бо Толибон робитаи мустақим надоштани худро расман эълон кардааст. Душанбе аз мақомоти Кобул даъват мекунад, ки ҳукумати фарогирро ташкил диҳанд ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузоранд.
Бо вуҷуди ихтилофи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодию башардӯстона миёни ду кишвар идома дорад. Дар Душанбе сафорати Афғонистон, ки аз ҷониби ҳукумати пешин таъин шудааст, фаъолият мекунад ва консулгариро дар Хоруғ намояндаи маъмурияти кунунии Кобул роҳбарӣ менамояд.
Сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолияти худро идома медиҳанд, хабар медиҳад asiaplustj.info.








