Дар ин бора хабарнигори AnewZ Нини Николешвили, аз маҳалли ҳодиса дар ноҳияи Сигнаги, наздики марзи Озарбойҷон, иттилоъ додааст.
Тибқи гузориш, мувофиқи маълумоти тасдиқшуда, ҳамаи 20 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, ҳалок шудаанд.
«Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Ганҷа соати 14:19 ба вақти маҳаллӣ парвоз кардааст ва пас аз муддати кӯтоҳ бе фиристодани сигнал аз радарҳо ғоиб шудааст. Пораҳои ҳавопаймо дар нишебиҳои наздики дайри Холагири пароканда шуда, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ёфт шудаанд. Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва чархболҳо дар ҷойҳои душворгузар ва вазнин корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд», — гуфта мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки дар Гурҷистон нисбати эҳтимоли вайрон шудани қоидаҳои амнияти ҳавоӣ тафтишоти ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тафтишот бо ҳамоҳангии Туркия ва Озарбойҷон, инчунин бо кӯмаки мустақими онҳо пеш бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябр ҳавопаймои C-130, ки аз Озарбойҷон ба самти Туркия ҳаракат дошт, дар Гурҷистон суқут кард. Дар дохили он 20 низомӣ буданд, — хабар медиҳад report.az.








