Мусобиқа аз машқҳои махсуси тактикӣ иборат буд, ки дар вақти рӯз ва шаб анҷом дода мешуданд. Аз иштирокдорон талаб мешуд, ки бо истифода аз таппонча, автомат ва силоҳи мерганӣ, дар шароити шаҳр, кӯҳ ва ҷангал ба нишонҳои дур бо дақиқӣ тир андозанд.

Мувофиқи натиҷаи ниҳоии мусобиқа, дастаи Ӯзбекистон миёни 16 дастаи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла, ИМА, Олмон, Руминия, БАА, Қатар, Ветнам, Тайланд, Муғулистон) мақоми аввалро ба даст овард.

Ҷойи 1: Ӯзбекистон — 539.5 хол

Ҷойи 2: Ветнам — 534.7 хол

Ҷойи 3: ИМА — 519.0 хол

Ёдовар мешавем, ки дастаи низомиёни Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар соли 2024 дар Мусобиқаи I байналмилалии тирандозон мақоми дувумро ишғол карда буд.