Тибқи тавофуқи ҳарду ҷониб корҳои таҷдиди ин хати роҳи оҳан марҳила ба марҳила ба нақша гирифта шуда буд. Дар навбати худ ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои анҷом додани марҳилаи аввали кор 120 нафар коргаронро ба ин иншоот фиристод.
Дар марҳилаи якум ба истгоҳи "Наибобод" зудтар овардани вагонҳои боркаш пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин дар боғи «Б»-и истгоҳи "Хайратон" ва 57 километр инфрасохтори роҳи оҳан корҳои ҳамаҷонибаи барқарорсозӣ ташкил карда мешаванд.