Мулоқоти прокурорҳои генералии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд

    Бо даъвати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматилла Йӯлдошев ба ин кишвар сафар кард.

    Дар рафти сафар Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Йӯлдошев бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Раҳмон мулоқот намуд.

    Зимни муколамаи созанда ҷонибҳо муносибатҳои байниидоравӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкории ҳуқуқии прокуратураҳои вилоятҳои наздимарзии ду кишварро баррасӣ карданд.

    Н.Йӯлдошев тамоюли мусбат доштани ҳамкориҳои самарабахши мақомоти прокуратураи ду кишварро, ки бар пояи принсипҳои шарикии мутақобилан судманд асос ёфтааст, зикр намуда, таъкид кард, ки Барномаи ҳамкории прокуратураҳои генералӣ барои солҳои 2022-2023 дар ривоҷёбии ин нақши муҳим дорад.

    Вохӯрӣ дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва дӯстӣ сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳор намуданд, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates